Раиси нави Хадамоти гумрук: низоми гумрук барои ман ноошно нест

© Sputnik / Амир ИсаевАбдулфаттоҳи Ғоиб. Акс аз бойгонӣ
Абдулфаттоҳи Ғоиб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари нави Хадамоти гумрук дар бораи маълумоти кофӣ надоштанаш дар бораи низоми гумруки кишвар иброз дошт ва илова кард, ки дар оянда ҳатман дар хадамоти зертобеъаш тағйирот ба вуҷуд хоҳад омад.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Абдулфаттоҳи Ғоиб, сардори нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон кушоду равшан гуфт, дар ниҳоди гумрукии кишвар ҳоло тағйироти кадрӣ анҷом нахоҳад дод ва бо ҳайати феълӣ ҳамкориро идома медиҳад, менависад сомонаи Радиои Озодӣ.

Оқои Ғоиб, ки рӯзи 16 март ба ҷои писарбузурги президент, Рустами Эмомалӣ, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд, имрӯз ба фаъолият дар мансаби нав пардохт.

Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ва Абдулфаттоҳи Ғоиб якдигарро иваз карданд

"Пас аз ду рӯзи таъйин шуданам дар вазифаи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳамин рӯз ба кор шурӯъ кардам ва ҳоло бо ҳуҷҷатҳои аввалияи хадамот шинос шуда истодаам ва ниҳоят банд ҳастам. Аммо ин сохтор ба мисли дигар ниҳодҳо ба тағйироту ислоҳот ниёз дорад",- гуфт вай аснои мусоҳиба бо Озодӣ.

"Барои ман соҳаи гумрук ношинос нест, вале ин соҳа ба танзим ниёз дорад ва ҳар система ба танзим ниёз дорад, вале бояд бо вазъи Хадамот дурусттар ошно шуда, бо ҳайати кормандону масъулони сӯҳбатҳо анҷом диҳам",- иброз дошт сарвари Хадамоти гумрук.

Абдулфаттоҳи Ғоиб илова кардаст, ман дар назар надорам, ки ба ин зудӣ тағйироти кадрӣ дар Хадамот анҷом диҳам, ҳоло ин корро карданӣ нестам ва бо ҳамин команда кор хоҳам кард, вале агар корманди гумрук Худо нахоста даст ба ҷиноят занад, ҳатман барканор карда хоҳад шуд.

Генерал-майори адлия Абдулфаттоҳи Ғоиб моҳи июни соли 2009 бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин мешавад. Дар таърихи 16 марти соли 2015 аз ин мақом барканор ва сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъқин шуд Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.

Феълан, роҳбарии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистонро писари президент Рустами Эмомалӣ ба ӯҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0