ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ хабарҳо дар бораи кушта шудани ду фармондеҳеро, ки ба ҳамкорӣ бо "Давлати исломӣ" муттаҳам мешуданд, таъйид кард, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба Би-би-сӣ.
Зикр мешавад, ки як фармондеҳ дар пайи ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ ва дуввумӣ дар пай амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шудаанд.
Қаблан, ба иттилоъи Associated Press, зимни суханронии худ дар Шӯрои Амнияти СММ намояндаи Афғонистон Зоҳир Танин изҳор дошта буд, ки ДИ фаъолияти худро аз ҷумла дар қаламрави Афғонистон тавсеъа медиҳад.
Ҳамзамон намояндаи дипломати афғонистонӣ зикр кард, ки ин созмон феълан таҳдиди зиёде надорад, зеро душмани аслии мақомоти расмӣ ҳамчунон ҷунбиши "Толибон" боқӣ мемонад.