Охирин ҳимоягари “Хонаи Павлов” аз дунё даргузашт

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЁдгорӣ ба хотираи қаҳрамонон ва муҳофизони "Хонаи Павлов"
Ёдгорӣ ба хотираи қаҳрамонон ва муҳофизони Хонаи Павлов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Охирин ҳимоякунандаи “Хонаи Павлов” ҳарчанд дар Ӯзбакистон ба сар мебурд, чанд маротиба ба Волгоград сафар карда бо ҳамяроқони собиқаш вохӯрда буд. Имсол бошад, бо даъвати президенти Русия Владимир Путин бояд дар таҷлили Иди Ғалаба дар Маскав ширкат мекард.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Охирин ҳимоягари "Хонаи Павлов"-и Сталинград Комилхон Турғунов рӯзи 16 март дар Ӯзбакистон дар синни 93-солагӣ аз олам даргузашт, менависад сомонаи расмии думаи шаҳри Волгоград.

"Охирин қаҳрамон, ҳимоягари "Хонаи Павлов", дӯсти мо ва дӯсти бузурги Волгоград Комилхон Турғунов даргузашт. Инсоне, ки бо қаҳрамониаш дар саҳфаи Сталинград то абад ҷовидон ҳаст, моро тарк гуфт",- омадааст дар хабари сарчашма.

Собиқадори ҷанг, ҳимоякунандаи "Хонаи Павлов" ҳарчанд дар Ӯзбакистон ба сар мебурд, чанд маротиба ба Волгоград сафар карда бо ҳамяроқони собиқаш вохӯрда буд. Имсол бошад, бо даъвати президенти Русия Владимир Путин бояд дар таҷлили Иди Ғалаба дар Маскав ширкат мекард.

Аснои муҳорибаи Сталинград дар ҳайати дивизияи 13-ум Турғунов якҷо бо 25 ҳамсангараш тайи се моҳ биноро аз фашистон муҳофизат карданд, ки баъдҳо номи "Хонаи Павлов"-ро гирифт. Пас аз озодшавии Сталинград ӯ дар озодкунии Украина ва Беларус саҳм гузошт. Ғалабаро дар Магдебург пешвоз гирифт.

Баъди итмоми ҷанг ба зодгоҳаш баргашта, ба сифати тракторчӣ кор мекард. Комилхон Турғунов соҳиби 14 фарзанд, 62 набера ва 85 абера мебошад.

Лентаи хабарҳо
0