ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Мунтахаби футболи ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бозии севуми санҷиширо дар Туркия бо тими ҷавонони Русия бо ҳисоби 0-0 анҷом дод, менависад сомонаи ФФТ.
Ин бозии санҷишӣ барои мунтахаби ҷавонони Русия бо раҳбарии Михаил Галактионов як давраи омодагӣ ба даври интихобии чемпионати Аврупо-2015 (21-26 март, Краснодар) маҳсуб мешуд.
Ба иттилои сомона, мунтахаби ҷавонони кишвар дар бозии севумаш бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Шаҳром Исмоилов, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Наврӯз Абдул, Эҳсони Панҷшанбе, Худойдод Узоқов (Алишер Баротов, 72), Муҳаммадҷони Ҳасан, Кароматулло Саидов, Ҳоҷибой Зиёев (Отабек Каримов, 67), Нуриддин Ҳамроқулов (Саидҷон Шарифов, 67).
Қаблан мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар Туркия бар тими даниягии "Сённерйюск" бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии дувуми санҷишӣ бар тими лигаи севуми Швейтсария "SV Port" бо ҳисоби 4:2 ғалаба карданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷони Ҳасан, Эҳсони Панҷшанбе ва Алишер Баротов заданд.
Бозии охирини санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия рӯзи 19-уми март бо тими "Конгсвингер"-и Норвегия баргузор мешавад.
Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар Анталияи Туркия то рӯзи 20-уми март идома хоҳад кард.