ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Садри аъзами Олмон бо "дурӯягии сахте" аз мақомоти Олмон даъват мекунад, ки "ба гузаштаи низомӣ чашм напӯшанд", вале ҳамзамон даъвати ширкат дар таҷлили 9 май дар Маскавро напазируфт, менависад хабарнигор Финниан Каннингем, хабар медиҳад РИА Новости.
Қаблан, садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфта буд, ки дар пайи вазъ дар Қрим ва шарқи Украина ширкаташ дар таҷлили иди Ғалаба дар Маскав 9 май ғайри қобили қабул аст.
"Ин ҷузъи раванди мунназами ақидатӣ аст, ки тибқи он ҷиноёти Олмони нозӣ ва онҳое, ки аз он пуштибонӣ мекарданд, муҷаддадан навишта шуда ва аҳамияти он батадриҷ пойин бурда мешавад. Вале нақши қаҳрамононаи Русия батадриҷ дар таърих аз байн бурда мешавад", навиштааст муаллифи равзанае дар маҷаллаи Strategic Culture Foundation.
Авоқиби дарозмуддати радди даъвати Меркел аз ширкат дар маросими 9 май "аз низоми нозии (миллатгароёнаи) ҷадид дар Киев ва талошҳои пайвастаи вай барои сафед кардани ҷиноёти Олмони нозӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ пуштибонӣ мекунад", — навиштааст Каннингем.
Ба эътиқоди вай, ишораҳое ба мудохилаи эҳтимолии Русия дар умури Украина ба унвони далели адами ҳузури садри аъзами Олмон дар маросим дар Маскав ҷиддӣ нестанд.
Яксон донистани таҳдидоти сиёсӣ дар мавриди Украина ва мағлубияти Олмони нозӣ "сазовори сарзаниш" аст, мӯътақид аст хабарнигор.
"Маҳз Русия дар ин ҷанг пирӯз шуд, ҳарчанд худнамоии ғарбӣ, ки ба боло бурдани саҳми худ дар ин набард машғул аст, ҳарчанд саҳми воқеъии он дар пирӯзӣ бар Олмони нозӣ ночиз мебошад", — зикр кард Каннингем.
Хабарнигори дигар, шореҳи рӯзномаи фаронсавии Mediapart Жан-Пол Бакяст ин рӯзҳо низ менависад, ки раҳбарони кишварҳои аврупоӣ иштибоҳ мекунанд, ки аз ширкат дар таҷлили Рӯзи Пирӯзи дар Москав худдорӣ мекунанд, менависад хабаргузорӣ.
Ба эътиқоди вай, онҳо аз ин амр ҳеҷ суде ба даст намеоранд, вале чеҳраи худро аз даст медиҳанд.
"Радди Ангела Меркел, Франсуа Олланд ва Дэвид Кэмерон аз ташриф ба Маскав барои таҷлили рӯзи 9 майи соли 1945, пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони нозӣ ва гиромидошти атбоъи Русия, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон додаанд, ахмақӣ аст ва талошест барои ранҷонидан", — навиштааст вай дар матлаби худ.
Ба Москав раҳбарони 30 кишвар меоянд
Ин дар ҳолест, ки дар маросими таҷлили Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги ватанӣ раҳбарони беш аз 30 кишвар ҳузури худро таъйид карданд.
"Даъватномаҳо ба раҳбарони кишварҳо ва созмонҳои мухталифи зиёде ирсол шуда буд. Ба охири моҳи январи соли 2015 ҳузури худ дар маросим дар Майдони сурхро 20 раҳбар ва дар авоили март аллакай беш аз 30 нафар таъйид карданд", — хабар дод РИА Новости ба истинод ба "Известия".
Ба иттилоъи рӯзнома, иттилоъ дар бораи меҳмонони олиқадр наздикиҳои моҳи апрел ифшо мешавад, вале мусаллам аст, ки раҳбарони кишварҳои Осиё, Ховари Миёна, кишварҳои узви ИДМ, СҲШ ва БРИКС дар муқоиса бо раҳбарони кишварҳои ИА даъватро бо дилхушӣ мепазиранд.
Ҳузури раҳбарони Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Чин, Ветнам, Кореяи Шимолӣ, Голландия, Юнон, Миср ва Исроил дар назар аст.
Ҳамчунин ҳузури бархе аз вакилони Радаи олӣ ва намояндагони ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск дар маросими Москав пешбинӣ мешавад.