ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бозрасии муҷаддади ҷасади собиқ сафири Қазоқистон дар Австрия собит кардааст, ки Роҳат Алиев худкушӣ кардааст, хабар медиҳад расонаи Wien.orf.at бо истинод ба вакили фавтида Манфред Айнедтер.
"Бозрасии муҷаддади ҷасади Алиев далоилеро барои муртакиб донистани афроди дигар дар фавти ӯро намедиҳад. Ҳеҷ далеле нест, ки вай кушта шудааст", — гуфт вакили дифоъ.
Ба гуфтаи ҳуқуқдон, натоиҷи муқаддамотии бозрасии муҷаддад аз Швейтсария бо натоиҷи пажӯҳише, ки раҳбари бозрасони пизишкиву додгоҳии Вена Даниэл Риссер анҷом додааст, мутобиқ мебошад.
Тибқи натоиҷи муқаддамотии коршиносон, дар хуни Роҳат Алиев доруи мамнуъ дар Австрия, ки оромкунанда ва аз гурӯҳи барбитуратҳо мебошад, пайдо шудааст.
"Натоиҷи муфассал ва ниҳоии бозрасии фаннӣ ҳанӯз ироъа нашудаанд", — изофа кард Айнедтер.
Ба гуфтаи вакили мудофеъ, дар ҷараёни таҳқиқот бояд сабти дурбинҳои назоратӣ дар роҳрави зиндон ва таҷҳизоти электронии қулфи дари утоқи зиндон бояд санҷида шаванд.
Алиев дар гузашта бо духтари бузурги Назарбоев Дарига издивоҷ карда буд. Дар соли 2008 вай дар ватани худ ғоибан барои талоши ғасби ҳокимият ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба сирқати мардум машғул буд, дар маҷмӯъ ба 40 соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар моҳи июни соли 2011 додгоҳи Вена дархости истирдоди Алиев ба Қазоқистонро радд кард.