Ҷасади домоди собиқи Назарбоев дар зиндоне дар Австрия ошкор шуд

© SputnikАкси Роҳат Алиев дар сойти wikipedia.org
Акси Роҳат Алиев дар сойти wikipedia.org - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудирияти зиндоне, ки дар он домоди раиси ҷумҳур Назарбоев нигаҳдорӣ мешуд, изҳор доранд, ки Роҳат Алиев майли худкушӣ надошт.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Домоди собиқи раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, собиқ корманди дипломатӣ Роҳат Алиев дар зиндоне дар Австрия ҷони худро аз даст додааст ва эҳтимолан худкушӣ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Рейтер.

"Вай худкушӣ кард", — гуфтааст як намояндаи додгоҳ, ки исмаш оварда нашудааст.

Ҳамзамон бо истинод ба рӯзномаи австриягии Kurier РИА Новости менависад, ки ҷасади Алиеви овезон дар дор рӯзи сешанбе — рӯзе, ки бояд муҳокимаи муттаҳамон дар таҳдиди қатли вай баргузор мешуд, ошкор шудааст; дар ҳамин ҳол кушташуда аз зиндониёне, ки қасди худкушӣ доранд маҳсуб намешуд.

"Вай аз ҷумлаи он афроде набуд, ки нисбаташон хатари худкушӣ кардан мушоҳида мешуд", — иқтибос омадааст дар матлаб аз суханони раиси зиндон Петер Прехтля.

Ба гуфтаи Прехтля, вай ба афроде мансуб буд, ки онҳоро "сабз" меномиданд, яъне ин афродро дар утоқҳои ҷудогона нигаҳдорӣ кардан имконпазир аст. Раис зикр кард, ки утоқи вай пайваста бозрасӣ мешуд, вале дар ҳоҷатхона ва ҳаммом аз паси вай назорат намекарданд.

Алиев шавҳари духтари бузурги раиси ҷумҳури Қазоқистон Дарига Назарбоева буд. Соли 2008 вай дар Қазоқистон ғоибан ба иттиҳоми сирқати инсон ва ташкили табадуллоти давлатӣ ба 40 сол зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи шаҳри Вена дар моҳи июни соли 2011 аз истирдоди вай ба Қазоқистон худдорӣ кард.

Дар моҳи январи соли 2014 додситонии Қазоқистон тасмим гирифт алайҳи Алиев ва раиси собиқи Комитети амнияти миллӣ Алнур Мусоев парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Онҳоро дар ташкили қатли мухолифи давлат Алтинбек Сарсенбаев, ронанда ва муҳофизи вай муттаҳам мекарданд.

Ба иттилои хабаргузории байналмиллалии "Новости-Казахстан" домоди собиқи раиси ҷумҳур расман аз шаҳрвандии Қазоқистон даст накашидааст ва ба ин далел то ҳол расман табаъайи Қазоқистон дониста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0