ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи ахири худ аз сурат гирифтани як тағйироти кадрии ҷиддӣ дар ниҳоди таҳти раҳбарии худ хабар дод, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба сухангӯи мири пойтахт Шавкат Саидов.
Ба қавли манбаъ, Убайдуллоев дар ҷаласаи ахири ҳукумати шаҳр гуфт, ояндаи наздик бо роҳандозии таҳлили амиқи фаъолияти тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр, шурӯъ аз роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ нисбати масъулин оид ба мутобиқат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои кадрӣ андешида хоҳад шуд.
Зимнан, ӯ аз додситонии пойтахт ва раҳбарияти нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Душанбе хостааст, ба масоили вобаста ба замин, аз ҷумла ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ чораҳои муассир андешида, дар доираи ваколатҳои худ волоияти қонунро таъмин кунанд.
"Аз зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ пешгирӣ шуда, дар мӯҳлати як моҳ дар тамоми субъектҳои хизматрасонии коммуналии пойтахт либоси ягона ҷорӣ гардад",-афзуд Убайдуллоев.
Дар мавриди таъмини талаботи қонунгузорӣ дар бораи манъ кардани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калони хонагӣ, бартарафсозии сохтмонҳои худсаронаи иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, ғавновати бозори истеъмолӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, вусъати маъракаи сабзу хуррамгардонии шаҳр дастурҳои мушаххас ироа карда гардид.