ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Аъзои фаъоли созмони тундрави фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъшуда барои 9 сол равонаи зиндон гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи дафтари матбуотии Додгоҳи Олии ҶТ.
Ба қавли манбаъ, гумонбар моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург аснои як амалиёти муштараки мақомоти интизомии Русия ва кормандони РКД-и вилояти Суғди Тоҷикистон боздошт гардида буд. Дастгиршуда бо иттиҳоми тарғиби фаъолияти созмони табӯшудаи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" гумонбар дониста мешуд.
"Сокини 45-солаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар содир кардани ҷиноёт тибқи се моддаи КҶ Тоҷикистон- ташкил ва ширкат дар созмони ҷиноӣ, созмон додани ҳаракати тундрав ва иштирок дар он, ҳамчунин ташкили фаъолияти созмони ифротӣ муттаҳам дониста шуд",- менависад манбаъ аз қавли Додгоҳи Олӣ.
Тафтишот муайян кард, ки ин мард ба сафи созмони тундрави "Ҷамоати Ансоруллоҳ" шомил шуда, савганд ёд кардааст ва дар тарғиби фаъолияти ин созмони ифротгаро саҳм дошта, аъзоёни навро барои пайвастан ба ташкилот даъват мекардааст.
Гуфта мешавад, ҳукми додгоҳ ҳанӯз ба ҳолати иҷро надаромодааст.Муттаҳам дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо хоҳад кард.