ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. ИМА ва Русия содиркунандагони бузургтарин таслиҳоти оддӣ боқӣ мондаанд, хабар медиҳад рӯзи душанбе Пажӯҳишгоҳи масоили сулҳи Стокголм (СИПРИ), менависад РИА Новости.
СИПРИ ба омори содироти анвои аслии таслиҳот ва васоили низомӣ дар муддати аз соли 2010 то соли 2014 истинод мекунад. Дар маҷмӯъ бойгонии пажӯишгоҳ омор аз соли 1950 бад ин сӯро фаро мегирад. Дар баррасии доду ситади низомӣ коршиносони ин пажӯҳишгоҳ аз омори муттавасити панҷсолаи ахир истифода мекунанд.
Тибқи феҳрасти ахир, ҷойгоҳи аввали содиркунандагони аслии таслиҳотро ба гунаи солҳои қаблӣ ИМА дар ихтиёр дорад, ки 31% мизони кулли содироти ҷаҳонии таслиҳотро ташкил медиҳад.
Кореяи Ҷанубӣ, АМА ва Австралия ба навиштаи муҳаққиқони СИПРИ муштариёни аслии ИМА мебошанд.
Дар маҷмӯъ мизони содироти таслиҳоти оддӣ аз ИМА дар муддати солҳои 2005-2009 ва 2010-14 ба 23% афзоиш ёфтааст.
Ҷойгоҳи дуввум ба гунаи панҷсолаи қаблӣ ба Русия ихтисос ёфтааст — саҳми вай дар мизони ҷаҳонии содироти таслиҳот 27% будааст. Муштариёни аслии доду ситади низомии Русия (ҳудуди 60% куллияи содирот) дар панҷ соли ахир Ҳинд, Чин, Алҷазоир будаанд.
Дар маҷмӯъ мизони содироти таслиҳоти оддӣ аз Русия дар муддати солҳои 2005-2009 ва 2010-14 ба 37% афзоиш ёфтааст.
Барои бори нахуст ба сегонаи бузурги содиркунандагон Чин (5% содироти кулл) ворид шудааст. Дар феҳрасти СИПРИ вай якбора ҷойгоҳи севвумро соҳиб шуда Олмонро (5%) ба ҷойи чаҳорум фароварда ва Фаронса (5%) ҷойи панҷумро соҳиб шудааст.
Содироти ин панҷ кишвар дар маҷмӯъ феълан 74% мизони кулли содиротро ташкил кардааст.
Дар маҷмӯъ мизони ҷаҳонии содироти анвои таслиҳоти оддӣ аз соли 2010 то соли 2014 дар муқоъиса бо панҷсолаи қаблӣ ба 16% афзоиш ёфтааст.
Аслиҳа куҷо меравад?
Феҳрасти воридкунандаҳои аслии таслиҳотро ба гунаи феҳрасти қаблӣ Ҳинд (15% дар мизони ҷаҳонии воридот) касб кардааст. Баъд аз вай Арабистони Саъудӣ (5%), Чин (5%), АМА (4%) ва Покистон (4%) қарор гирифтаанд.
Бо нашри ин феҳраст пажӯҳишгарони СИПРИ ошкор кардаанд, ки дар маҷмӯъ дар даҳ соли ахир ба таври қобили мулоҳиза воридоти таслиҳот ба Африқо, кишварҳои қораи амрикоӣ, Осиё, Ховари Миёна ва Океания афзоиш ёфта ба кишварҳои аврупоӣ коҳиш пайдо кардааст.
Бо зикри коҳиши воридоти таслиҳот аз сӯйи кишварҳои аврупоӣ, СИПРӢ таъкид мекунанд, ки вазъ дар Русия ва Украина метавонад ин равандро тағйир бидиҳад, зеро бархе аз кишварҳои ҳаммарз бо Русия воридоти таслиҳотро афзоиш медиҳанд.
Пажӯҳишгоҳи масоили сулҳи Стокголм СИПРИ соли 1966 таъсис шуда маркази пажӯҳишии мустақили низоъҳо, таслиҳот ва назорат бар раванди силоҳгирӣ ва бесилоҳкунӣ маҳсуб мешавад.