Афроди мусаллаҳ дар шарқи Афғонистон даҳ нафарро рабуданд

© AP / Massoud HossainiНерӯҳои амниятии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Нерӯҳои амниятии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусофироне, ки ба афроди мусаллаҳ асир афтоданд, тавассути ду васоили нақлия ҳаракат мекарданд. То ҳол ҳеч яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар минтақа фаъол аст, вуқӯъи ин ҳодисаро бар ӯҳда нагирифтааст.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Гурӯҳи ношиноси афроди мусаллаҳ дастикам даҳ нафарро дар вилояти Ғазнӣ дар қисмати шақии Афғонистон рабуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Синхуа.

Мусофироне, ки афроди мусаллаҳ асир афтоданд, тавассути ду васоили нақлия ҳаракат мекарданд. Рӯшан нест, ки оё дар миёни онҳо атбоъи хориҷӣ буданд ё на.

Шаҳри Ҳирот - Sputnik Тоҷикистон
Ашхоси номаълум дар Афғонистон 30 мусофири автобусро рабуданд

То ҳол ҳеч яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар минтақа вуқӯъи ин ҳодисаро бар зимма нагирифтааст.

Дар авохири соли гузашта нерӯҳои мусаллаҳи НАТО ва ИМА расман амалиёти низомӣ дар Афғонистон барои мушоркат дар истиқрори субботро анҷом доданд. Қаблан мақомоти ин эътилоф хабар дода буданд, ба ҷойи нерӯҳои байналмиллалии мушорикат барои амният дар Афғонистон (ISAF), ки теъдоди бузургтаринашон 139 ҳазор нафарро ташкил медод, аз авоили соли 2015 дар кишвар танҳо 12 ҳазор нафар боқӣ мемонанд. Соли гузашта дар Афғонистон теъдоди бештари афрод дар пайи амалиёти террористӣ кушта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0