Ашхоси номаълум дар Афғонистон 30 мусофири автобусро рабуданд

© Sputnik / В. Киселев / Гузариш ба медиабонкШаҳри Ҳирот
Шаҳри Ҳирот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти маҳаллӣ сабаби ҳамла ба автобус ва рабудани мусофиронро намедонад, шахсияти ҳамлагорон низ ҳанӯз норӯшан аст.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Зобул, қисмати марказии Афғонистон ашхоси мусаллаҳи номаълум ба автобуси ҳомили мусофирон ҳамла карда, 30 тан аз онҳоро рабуданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба хабари Франс Пресс.

Ҳодиса рӯзи душанбе дар роҳи байни Ҳирот ва Кобул иттифоқ уфтод, мегӯянд масъулини ҳукумати Зобул. Манбаъ меафзояд, рабудашудаҳо умдатан пайравони мазҳаби шиа мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти қудратии минтақа дар ҳоли омодабош қарор дорад ва умури ҷустуҷӯӣ идома мекунад.

Лентаи хабарҳо
0