Президент сохтмони бино барои низомиҳову амниятиҳоро оғоз бахшид

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми гузоштани санги асос дар маҳалли бинои нави Амонатбонк
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми гузоштани санги асос дар маҳалли бинои нави Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ асос гузошт, ки аз 15 бино иборат хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон 13 март ба сохтмони Академияи КДАМ дар маҳаллаи Ҳаёти Нав, шаҳраки низомиён дар ноҳияи Рӯдакӣ ва бинои нави "Амонатбонк" дар хиёбони Рӯдакӣ оғоз бахшид, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии раисҷумҳур.

Президент зимни гузоштани санги асоси бинои "Амонатбонк" изҳори боварӣ кардааст, ки бо фароҳам овардани шароити муосири корӣ сифати хизматрасонии ин бонк беҳ шуда, эътимоди мардум ба он афзун мегардад ва дар низоми бонкии ҷумҳурӣ рақобатпазириаш бештар мешавад.

Сохтмони бинои нави 10-ошёнаи раёсати ин бонк, тибқи нақша, дар муддати 3 сол, бо маблағҳои аз Бонки давлатии рушди Чин ҷалбгардида ва маблағҳои худии Амонатбонк ба итмом расонда мешавад.

Дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ асос гузошт, ки аз 15 бино иборат хоҳад буд.

Инчунин раисиҷумҳур дар ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба сохтмони шаҳраки истиқоматии низомиён оғоз бахшидааст. Ба иттилои сомона, ин шаҳрак аз 20 бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ бо 2000 хона, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 1230 хонанда дар 1 баст, кӯдакистон барои 400 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0