ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар як ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 13 март баргузор шуд, гуфтааст, бо расидан ба синни 63 қасд дошт аз мақомаш истеъфо диҳад, аммо ба қавли вай, раисиҷумҳур қабул накардааст, менависад "Радиои Озодӣ".
"Убайдуллоев ба президент гуфтааст, ба синни 63 даромад ва бознишаста хоҳад шуд. Аммо президент дар ҷавоб гуфтааст, ба 63 даромадӣ, аммо пир нашудӣ ва ба фаъолияти худ идома хоҳӣ дод", — иттилоъ додааст як манбаъ аз дохили ҳукумати Душанбе ба радио.
Убайдуллоев изҳор доштааст, акнун тими худро дар ҳукумати шаҳр дигар мекунад ва дар наздиктарин фурсат рӯйхати онҳоро пешниҳод хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, номзадии Убайдуллоев ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз ҷониби вакилони тозаинтихоби пойтахт, низ 13 март пешниҳод шуд.
Маҷлиси Миллӣ дорои 33 курсӣ аст, ки аз он 25 нафар тариқи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуда, 8 нафари дигар бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон таъин мегарданд.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз шахсиятҳои муҳим дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор рафта, тайи қариб ду даҳаи охир ҳам аз лиҳози нуфуз ва аз нигоҳи мақом раҳбари дуюми кишвар ба шумор меравад.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукумати имрӯза аст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст. Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол — солҳои 1985-1986 — вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале сипас боз ба Кӯлоб баргашт.
То соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт.
Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштан, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд. Аммо ҳамагӣ баъди чанд моҳ ба ҷои Юрий Поносов шаҳрдори Душанбе интисоб шуд. Убайдуллоев баъди таъсиси маҷлиси болоии порлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва инак 15 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.