ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон журналистон ва рӯзномаҳои мустақилро дар "хушомадгӯӣ" ба роҳбарияти шаҳри Душанбе муттаҳам кард, менависад оҷонсии "Озодагон".
Ин шабака бо пахши як гузориш, шоми 28 январ дар барномаи "Ахбор", ки таъмиру бозсозӣ нашудани бархе аз роҳҳои пойтахтро баррасӣ мекард, зикр намуд, ки "ҳамаи ин мушкилотро танҳо шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рӯи навор оварда, масъалагузорӣ мекунад, ки ҳадафи он ислоҳ аст".
"Бо ном рӯзномаҳои мустақилу шахсӣ, ки бо тиражи зиёд ба нашр расида, ба таърифи шаҳрдорӣ машғуланд, ҳақиқати воқеии зикргардидаи моро нодида гирифта, ғайриобъективона инъикос мекунанд", — таъкид кардааст шабака.
Дар идомаи гузориш гуфта шуд, ки "зимни таҳқиқоти журналистии оянда ошкор хоҳанд кард, ки кадом журналисти мустақил нисбат ба проблемаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ошкорбаён асту проблемаҳои шаҳри Душанберо нодида мегирад?"
"Зеро онҳо барои лаб ба хомӯшӣ задан дар баробари бенавбат гирифтани қитъаҳои замин аз ҳукумати шаҳри Душанбе боз чӣ инъомҳо мегиранд? Ин мавзӯи гузориши дигар аст", — гузориш дода шуд дар Шабакаи аввал.
Тибқи гузориши ТВТ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои таъмири роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд, аммо роҳбарияти ҳукумати Душанбе ба вазъи роҳҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир накардааст. Инчунин ТВТ саҳми соҳибкоронро дар таъмири роҳҳои навоҳии Тоҷикистон зикр карда, суол гузоштааст, "ку соҳибкороне, ки дар Душанбе бинои аз 10 ошёна зиёд сохта, миллионҳо доллар фоида ба даст меоранд? Фоидаи онҳо куҷо меравад, ки ҳамагӣ чанд километр роҳро дар пойтахт таъмир намекунанд?"
Ин гузориш ҳамагӣ баъди чанд рӯзи баҳс миёни шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон нашр шуд.
Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро мегӯянд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд.