ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров пешниҳод кард, ки кормандонаш ба далели судовар набудани фаъолияти шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе дар умури киштукори баҳорӣ истифода шаванд, навиштааст хабаргузории "Tojnews".
Ин пешниҳод дар ҷаласаи ахири "Тоҷиктелеком" матраҳ шудааст. Зуҳуров зикр кард, ки роҳи ҳалли ин мушкили бӯҳронӣ коҳиши теъдоди кормандон набуда истифодаи кормандони Идораи мухобирот дар саҳроҳои Тоҷикистон мебошад.
Илҳомҷон Атоев, намояндаи расмии маркази матбӯъотии Идораи мухобирот ба хабаргузорӣ ин хабарро таъйид кард, вале гуфт, ки ҳамаи шарҳу тавзеҳот баъд ироъаи расмии хатти ин пешниҳод сурат хоҳад гирифт, зикр кардааст хабаргузорӣ.
Хабаргузорӣ ҳамчунин изҳори назари кормандони "Тоҷиктелекомро" овардааст, ки нахостаанд номашон ифшо шавад. Ба гуфтаи онҳо, мавориде афзоиш ёфтааст, ки кормандони алоқа ба умури берун аз ихтисосашон ҷалӣ карда мешаванд. Ба унвони мисол, кормандон дар сохтмони варзишгоҳи бузург ва манозил барои осебдидагони селоб дар Кӯлоб ширкат кардаанд.
Дар ин хабар омадааст, ки феълан Зуҳуров бархе аз кормандони худро барои сохтмони корхонаи коркарди қум ва шағал ба ноҳияи Ваҳдат эъзом кардааст.
"Кормандони ин Идора мутахассисони арсаи сохтмон нестанд ва истифода аз нерӯи кори онҳо дар сохтмони манозилро навъи хушунат маънидод кардан мумкин аст. Онҳое, ки бо ин амр розӣ нестанд ва намехоҳанд ба умури сохтмонӣ машғул шаванд, аз кор ихроҷ мекунанд ва ё онҳо худ аз кор мераванд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз гуфтаҳои кормандони Идораи мухобирот.
Гузашта аз ин, кормандони "Тоҷиктелеком" ва Идораи мухобирот аз таъвиқ дар гирифтани маош шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, раҳбарияти ширкат таъвиқи додани маошро бо ироъаи картошка ва пиёз ҷуброн мекунад.