КМИР Тоҷикистон: беш аз 82% интихобкунандагон раъй доданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкИнтихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Интихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҳангоми масдуд шудани марокизи раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон (20.00) тибқи иттилои муқаддамотӣ 82% аз 4 миллиону 318 ҳазор атбоъи кишвар, ки ба феҳрасти интихобкунандагон шомил карда шудаанд, раъй додаанд.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Беш аз 82% интихобкунандагон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкат кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён.

"Марокизи раъйдиҳӣ дар кишвар соати 20.00 масдуд шуданд. Тибқи иттилои муқаддамотӣ, беш аз 82% теъдоди умумии раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд, вале ин рақам муқаддамотӣ аст ва метавонад тағйир ёбад", — гуфт вай.

Раиси КМИР зикр кард, ки дар тӯли рӯз ба комиссия ҳеҷ шикояти катбие аз аҳзоб ва нозирон ворид нашудааст. "Аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ 10 шикояти лафзӣ ворид шуданд, ки онҳо ҳалли худро пайдо карданд", — таъкид кард Шоҳиён.

Барои интихобот 4,4 миллион баргаҳои раъйдиҳӣ ба чаҳор забон — тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ чоп шуда буданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар 3209 марокизи раъйдиҳӣ дар дохили кишвар ва дар 35 марказ дар хориҷ, аз ҷумла дар се марказ дар Русия — шаҳрҳои Москав, Уфа ва Екатеринбург раъйи худро додаанд. Интихобот аллакай баргузоршуда дониста шуд, зеро то соати 15-и рӯзи якуми март 74,3% интихобкунандагон раъй додаанд.
Ба Маҷлиси намояндагон 63 вакил интихоб мешаванд: 41 вакил аз ҳавзаҳои ҷудогона ва 22 вакил аз феҳрасти аҳзоби сиёсӣ. Барои курсиҳои порлумон дар маҷмӯъ 285 номзад (103 нафар аз феҳрастҳои ҳизбӣ ва 182 номзад аз ҳавзаҳои ҷудогона) рақобат мекунанд, ки дар миёни онҳо 80 номзади худпешниҳодӣ ва 32 нафар занҳо мебошанд.

Куллияи ҳашт ҳизби сабти ном шуда дар кишвар номзадҳои худро барои вакилӣ муаррифӣ кардаанд, ки дар миёни онҳо ҷавонтарин номзад 30- сола ва аз ҳама бузургсолашон 71-сола мебошанд.

Тибқи феҳрасти аҳзоби сиёсӣ намояндагони ҳизбҳое ба порлумон раҳ меёбанд, ки нам камтар аз 5% раъи интихобкунандагонро касб карда бошад. Интихоботро 528 нозири байналмиллалӣ ва беш аз 1000 нозирони маҳаллӣ назорат карда раванди онро беш аз 100 хабарнигори расонаҳои саршиноси ҷаҳонӣ бозтоб медиҳанд. Нозирони ИДМ, МАҲА ва СҲШ гузоришҳои худро рӯзи душанбе баъд аз эъломи натоиҷи муқаддамотии интихобот аз сӯйи КМИҲ ироъа мекунанд.

Дар интихобот намояндагони куллияи ҳашт ҳизби сиёсии кишвар — Ҳизби ҳокими Халқи демократ (ҲХДТ) Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Ҳизби сотсиал демократ (ҲСДТ), Ҳизби кишоварзӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ширкат карданд. Аз имконоти бештари пирӯзӣ ҲХДТ ба гунаи интихоботи ахири 28 феврали соли 2010 бархурдор аст, ки он замон аз 63 курсӣ 45 курсии вакилиро соҳиб шуда буд. Коммунистҳо, исломиҳо, кишоварзон ва ислоҳотхоҳони иқтисодӣ дар порлумони қаблӣ ду курсигӣ доштанд.

Лентаи хабарҳо
0