Корхонаҳои вилояти Амур муҳоҷирони тоҷикро ба кор даъват мекунанд

© Sputnik / Сергей Венявский / Гузариш ба медиабонкИстеҳсоли хишт. Акс аз бойгонӣ
Истеҳсоли хишт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия якбора ду корхонаи вилояти Амур барои ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик муроҷиат карданд.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Корхонаи тавлид ва фурӯши хиштҳои пухтаи "Стройтехресурс"-и шаҳри Благовешенски вилояти Амур муҳоҷирони кории тоҷикро барои кор даъват мекунад, омадаст дар хабари намояндагии вазорати меҳнати ҶТ дар Русия, ки дар сомонааш мунташир шудааст.

"Дар мо феълан шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд, вале ба далели тавсеъаи фаъолияти корхона мо ҳадаф дорем аз ҷумлаи муҳоҷирони кории тоҷик нерӯи кории изофӣ ҷалб кунем", — зикр кард мудири кулли корхона Роман Яшенко.

Ширкати коркарди чӯб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Атбоъи тоҷикро барои кор ба кишвари Хабаровск даъват мекунанд

Дар пайи дидор корманди намояндагӣ ва Яшенко қарордодеро дар бораи бо кор таъмини кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин корхона имзо карданд.

Ҳамчунин, бо хоҳиши ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ширкати "СтройСервисРемонт" муроҷиат кард. Ин ширкат ба сохтмони биноҳои баландошёна дар қаламрави вилояти Амур машғул аст.

Ба гуфтаи раҳбари ширкат Федор Ҳоҷӣ-оғлу муҳоҷирони корӣ дар раванди кор бо давраҳои бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0