ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширкати машғули коркарди чӯб ва сохтмонӣ дар шаҳри Комсомолски лаби Амури кишвари Хабаровск шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор даъват мекунад, хабар додааст маркази матбӯъотии намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар ФР.
Ба гуфтаи мудири ширкати "Восток" Ҳикмат Иброҳимов, ҳоло дар ин ширкат беш аз 80 зодаи Тоҷикистон машғули кор ҳастанд.
"Ҳамаи коргарон тибқи муқаррароти қавонини кори Русия сабти ном шуда бо маскан ва хӯроки седаъфина таъмин шудаанд", — гуфт раҳбари ширкат.
Минбаъд ширкат қасд дорад теъдоди коргаронро аз ҷумлаи муҳоҷирони кории тоҷик афзоиш бидиҳад.