ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015, рӯзи 25 феврал аз тими "Эрбил"-и Ироқ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар нахустин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 аз тими "Эрбил"-и шаҳри Эрбил, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.
Бо вуҷуди он ки ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон сард буду барф меборид, беш аз 12 ҳазор мухлис барои тамошои ин бозӣ ба варзишгоҳ омада буданд.
Рақиби "Истиқлол" дастаи пуртаҷриба буд ва дар ҳайати он ҳашт бозигари тими миллии Ироқ бозӣ мекарданд, ки ахиран дар Ҷоми Осиё дар Австралия иштирок доштанд. Вале "Истиқлол" ба ин рақиби пурзӯраш муқобилияти сахт нишон медод, вале ба пирӯзӣ даст наёфт.
Дар дақиқаи 35-уми бозӣ Аҳмад Муҳаммад Ҳусейн, бозигари "Эрбил", ҳуҷуми меҳмононро бомуваффақият анҷом дод ва бо сараш тӯбро ба тӯри дарвозаи "Истиқлол" равон карда, ҳисобро кушод. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 0-1 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
Қисми дувуми бозӣ ҳам бо вуҷуди сардии ҳаво хеле пурҷӯшу хурӯш буд. Аксар тамошобинон аз дастаи "Истиқлол" тарафдорӣ мекарданд ва як зарбаи Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 60-уми бозӣ, ки ба пойи Мустафо Надҳим бархӯрда, вориди дарвозаи меҳмонон шуд, онҳоро ба идомаи бозӣ дилгарм кард.
Вале баъд аз ҳамагӣ панҷ дақиқаи дигар меҳмонон боз як гол ба дарвозаи "Истиқлол" заданд. Тӯби дувуми меҳмонро дар дақиқаи 65-ум Набил Сабоҳ ва тӯби севумро дар дақиқаи 75-уми бозӣ Луай Салоҳ ба самар расонданд.
Бояд гуфт, дар дақиқаи 90-уми бозӣ мизбонон имкони хуби тағйир додани ҳисоби бозиро доштанд, вале Манучеҳр Ҷалилов, бозигари "Истиқлол", тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонида натавонист.
Бозии дигари "Истиқлол" дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 рӯзи 11 март дар Ашқобод бо тими "Аҳал"-и Туркманистон баргузор мешавад.