ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Се сокини ноҳияи Ҳамадони вилояти Хатлон бо гумони даст доштан дар қочоқи нашъа боздошт гардидаанд, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо такя ба хадамоти матбуотии КДАМ.
Гуфта мешавад, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ се гумонбарро, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд аснои фурӯши "бор" дастгир кардаанд. Дар маҷмӯъ аз қочоқчиён 18,5 кило афюн мусодира гардид.
Тафтишот муайян кард, ки маводи мухаддир аз ҷониби Сӯфӣ ном шахс, ки шаҳрванди Афғонистон мебошад ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Тибқи нишондоди яке аз боздоштшудагон, ӯ бо Сӯфӣ, дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо кардааст. Шаҳрванди Афғонистон дар ин ҷо барои 14 сол зиндонӣ шуда буд. Моҳи феврали ҳамин сол қочоқчии афғон бо боздоштшуда дар тамос шуда, иброз доштааст, ки дар хариду фурӯши маводи нашъадор бо ӯ ҳампкорӣ намояд",- менависад оҷонсӣ бо истинод ба манбаъаш дар КДАМ.
Ҳамин тариқ, шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кор боз ду шиноси худро аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҷалб мекунад.
Дар нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.