ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои ширкат дар интихоботи қабл аз мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ ризоият дод, хабар медиҳад РИА Новости.
Анҷумани XVІ ҳизби "Нур Отан", ки раҳбариашро Назарбоев бар зимма дорад, рӯзи чаҳоршанбе якдилона номзадии ӯро ба симмати раиси ҷумҳур пешниҳод кард.
"Шояд ман бо пешниҳоди шумо дар бораи пешниҳоди номзадии ман розӣ шавам", — гуфт Назарбоев зимни суханронии худ дар анҷуман.
Раҳбарияти ҳизб дар анҷуман аз "нақши таърихии Елбаси дар касби истиқлол, ба ҳам омадан ва рушди Қазоқистон ёдовар шуданд", хабар медиҳад сомонаи ҳизб.
"Бо исми Елбаси мо муқаддасоти аслии худ — Истиқлол, Субот, Сулҳ ва Рушди Қазоқистон ва талоши мо барои ояндаи дурахшонро марбут медонем", — таъкид дошт муъовини аввали раҳбари ҳизб Бауиржан Байбек.
Интихоботи қабл аз мӯҳлати раиси ҷумҳур 26 апрел баргузор мешавад. Ин иқдом ба ибтикори Анҷумани халқи Қазоқистон сурат гирифт, ки изҳор дорад соли 2016, замоне, ки мӯҳлати раёсати ҷумҳур ба поён мерасад, "авҷи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ" хоҳад буд. Ин пешниҳодро эътилофи нерӯҳои деморкратии "Қазоқистон-2050" ва порлумон ҷонибдорӣ карданд ва сипас раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев фармони баргузории интихоботро имзо кард.
Эътимоди сокинонро барои раёсати ҷумҳурии феълӣ Назарбоев ҳамчунин дар интихоботи қабл аз мӯҳлат дар апрели соли 2011 ба даст оварда буд. Он замон ба пуштибони аз вай 95% интихобкунандагон раъй доданд.
Сиёсатмадори 74-сола аз соли 1989 раҳбарии кишварро бар ӯҳда дорад.