Назарбоев гуфт, нияти дар интихобот ширкат кардан надоштам

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРайисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ
Райисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон иброз дошт, ки ҳар рӯз ҳазорон нафар барояш нома менависанд ва хоҳиш мекунанд, ки дар интихоботии президентии Қазоқистон дар рӯзи 26-уми апрел ба ҳайси номзад ширкат намояд.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Райисҷумҳури Қазоқистон гуфт, ҳамарӯза беш аз ҳазор мактуб барои ширкат карданаш дар интихобот мегирад, ҳарчанд  "нақшаҳои худи ӯ тамоман дигар буданд".

"Ҳоло маъракаи интихоботӣ шурӯъ шудааст. Бештар аз ҳама ин пешниҳодро занон дастгирӣ карданд. Ман ҳамарӯза номаҳои зиёде мегирам, одамон аз ман ҷонибдорӣ мекунанд ва хоҳиш доранд, ки дар интихобот ширкат намоям. Агар росташро гӯям, нақшаҳои ман аслан дигар буданд. Ман роҳбарии Қазоқистонро ба зимма дорам, шояд вақти дигар кардани манзара шуда бошад?",- гуфт Назарбоев аснои мулоқот бо намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар арафаи Иди байналмилалии занон.

Ӯ нақл кард, вақте Ли Куан Ю, бунёдгузори давлати Сингапур аз мансаб даст кашид, аз он кас сабаби рафтанашро пурсидам. Вай гуфт: "Ман 31 сол сарвари Сингапур будам, аммо вақте бори охир худамро дар телевизион дидам, худам ба худам маъқул нашудам",- ба хотир овард райисҷумҳури Қирғизистон.

"Аммо даъвати мардум, ваҳдат ва кӯшиши онҳо ҳоло ҳам ҳаст. Имрӯз вақт аст то бо шумо машварат намоям",- қайд кард президент.

Гуфтанист, Назарбоев бо фармони худ интихоботи президентии Қазоқистонро рӯзи 26 апрел таъин кардааст.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0