Шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо омодани баҳор боло нарафт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкМаркази воҳиди муҳоҷирон дар вилояти Москав. Акс аз бойгонӣ
Маркази воҳиди муҳоҷирон дар вилояти Москав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бештаре аз коршиносон ихроҷи фарогири муҳоҷирони корӣ аз Русия дар авоили солро ба коҳиши мавсимии фаъолияти атбоъи хориҷӣ марбут донистанд, вале бо фарорасии баҳор тибқи иттилоъи ниҳодҳои муҳоҷиратӣ вазъ тағйир наёфтааст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Теъдоди атбоъи тоҷик дар Русия ҳамчунон коҳиш меёбад ва дар аввали моҳи март шумораи онҳо 963 ҳазору 492 нафар будааст, хабар медиҳад сомонаи Идораи федероли муҳоҷирати (ИФМ) Русия.

Дар муқоиса бо моҳи ноябри соли 2014 теъдоди шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба 142 ҳазор нафар коҳиш ёфта, баръакси солҳои қаблӣ бо фарорасии фасли баҳор теъдоди онҳо афзоиш наёфтааст.

Коршиносон: муҳоҷирон аз ОМ ба рушди иқтисоди Русия монеъ мешаванд

Ба унвони мисол, тибқи омори Хадамоти федералии муҳоҷирати  Русия, дар авоили моҳи марти соли гузашта ин рақам муодили 1 миллиону 33 ҳазор нафар будааст. Чунин коҳиши сареъ дар муқоиса бо моҳи ноябри соли гузашта аз ҷумлаи камбуди мардҳо сурат гирифтааст. Агар дар моҳи ноябр теъдоди онҳо 925,3 ҳазор нафар бошад, пас дар моҳи март теъдоди онҳо то 792 ҳазору 31 нафар коҳиш ёфтааст.

Теъдоди занҳо камтар коҳиш ёфтааст — дар моҳи ноябр онҳо 180,1 ҳазор нафар ва дар моҳи март теъдоди онҳо 171,4 ҳазор нафар будааст.
Аз рӯйи синну сол дар Русия аз Тоҷикистон мардони аз 18 то 29 сола ҳастанд ва теъдоди онҳо 338 ҳазору 990 нафар аст. Ҳамчунин дар Русия 59 ҳазору 667 нафар занҳои ҳамин синну сол зиндагӣ мекунанд.

Тибқи омори ҳамасола, теъдоди муҳоҷирони корие, ки вориди Русия мешаванд, фасли баҳор афзоиш ёфта бо омадани тирамоҳ ва фаро расидани зимистон коҳиш меёбад.

Ахиран раванди коҳиши сареъи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба далели ташдиди қавонин муҳоҷират мушоҳида мешавад — агар нафаре муқарраротеро нақз кунад, ӯро истирдод ва ё вуруди ӯро ба қаламрави Русия барои 10 сол мамнуъ мекунанд.

Коршинос: муҳоҷирон ба ҷои Русия ба Қазоқистон мераванд

Аммо дар соли ҷорӣ боз як далели бозгашти дастиҷамъии муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия шудааст, ки ба коҳиши мизони маоши куллияи коргарони хориҷӣ мунҷар аст.

Ҳамасола ҳудуди 1 миллион нафар табааи Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи ҷойи кор ба Русия меомаданд. Муҳоҷирати корӣ барои бештаре аз хонаводаҳои тоҷик ягона манбаи даромад маҳсуб мегардад.

Лентаи хабарҳо
0