ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Муҳоҷирон корӣ аз ҷануби ИДМ ба ҷои Русия ба Қазоқистон мераванд, иттилоъ медиҳад Ca-news бо истинод ба нашрияи "РСН".
Ба андешаи собиқ сарвари минтақавии ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон Павел Коваленко, коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар Русия ба беқурбшавии арзи миллӣ рабт дорад.
"Ҷанубиҳо бештар Қазоқистонро ба Русия тарҷеҳ медиҳанд. Маоши як фурӯшанда дар охири моҳи январ дар Алмаато баробар ба 1200 доллар буд. Ин ҳақиқат аст",- шарҳ дод Коваленко.
Ба назари коршинос, "халосшавӣ"-и Русия аз муҳоҷирон барои сокинони он кишвар гарон меафтад. Зеро, маҳсулоти арзонеро, ки муҳоҷирон истеҳсол мекарданд, ба аҳолӣ дастрас буд. Аз ин рӯ, даромади воқеъии шаҳрвандони ФР кам хоҳад шуд.
"Ин одамон ба кишвари мо меомаданд, хона месохтанд, роҳ бунёд мекарданд, кори аз ҳама вазнинро анҷом медоданд. Ҳоло ин дигар нест. Мегӯянд, ки муҳоҷират бад аст, андоз намесупорад… Дуруст, онҳо андоз намесупориданд, нисфе аз пулҳои ҷамъкардаашонро ба ватан мефиристоданд, аммо кори аз ҳама тоқатфарсоро онҳо мекарданд",- қайд мекунад коршинос.
Коваленко мегӯянд, ҳузури муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар Русия ба ҷуз аз фоида, ҳеч зарар ба ин кишвар намеорад.