Имзои беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар ҷаласаи СПАД

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкҶаласаи муштараки вазирони умури хориҷа ва мудофиа, инчунин котибони Шӯроҳои амниятии кишварҳои аъзои СПАД
Ҷаласаи муштараки вазирони умури хориҷа ва мудофиа, инчунин котибони Шӯроҳои амниятии кишварҳои аъзои СПАД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нишасти СПАД, ки дар Маскав анҷом пазируфт, чанд санади ҳамкорӣ дар бахши ҳарбӣ-техникӣ ба тасвиб расид.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазирони умури хориҷа ва вазороти дифоъ, инчунин дабирони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳуҷҷатҳои марбут ба  ҳамкориҳо дар бахши низомӣ, тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва  омодагии ҳарбиро имзо карданд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВМ Қазоқистон.

Дар нишасти сарони вазороти дифоъ ва хориҷа, инчунин котибони шӯрои амниятии кишварҳои узви СПАД, ки дар Маскав баргузор шуд, аз ҷумла қайд гардид, ки соли оянда силсилаи тамринҳои низомии ҷузву томҳои зудамали неруҳои муштарак (КСОР)  ва неруҳои сулҳофари СПАД дар назар аст.

Дар Маскав ҷаласаи Иттиҳоди гумрукӣ ва СПАД баргузор мешавад

"Беш аз бист санади марбут ба ҳамкориҳои низомӣ, тақвияти амалиётҳои муштараки низомӣ, рушди сохтор, низоми ҳамкории байнидавлатӣ дар бахши ҳарбӣ ба имзо расид",- омадааст дар иттилои сарчашма.

Ҷаласаи Шӯрои СПАД имрӯз, 23 декабр дар Маскав сурат хоҳад пазируфт. Ба қавли Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия дар нишасти сарони кишварҳои аъзои СПАД масоили марбут ба амнияти минтақа  баррасӣ гардида, дар поёни ҷаласа изҳороти муштарак қабул карда мешавад. Ба гуфти ӯ, вазъ дар Осиё Марказӣ, чолишҳои амниятӣ ва хатари паҳншавии терроризм дар ОМ, аз ҷумла ворид гардидани унсурҳои ифротгарои тариқи қаламрави Афғонистон ба маҳдудаи давлатҳои узви созмон низ дар изҳорот дарҷ хоҳад шуд.

Кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли ҳозир аъзои комилҳуқуқи СПАД маҳсуб мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0