ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Рӯзи гузашта Баҳриддин Насриддинови 22-сола, сарбози нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аснои ҷанҷол бо як ҳамхизматаш ҷароҳат бардоштааст, менависад радиои Озодӣ ба истинод пайвандони сарбоз.
"Аз рӯи гуфтаи шоҳидон, дар ошхона рафиқаш задааст. Ҳангоми сар задани ҳодиса касе дар он ҷо набуда, дигарон садои онҳоро шунида давида омадаанд. То ҳол аниқ намедонем чӣ гап гузаштааст. Сару рӯяш хеле варам карда буд. Шикамаш ҳам каме зарб хӯрдааст. Мегӯянд, ки гӯё як мушт зада бошаду тамом. Аммо бо як мушт чӣ тавр метавонад ду ҷой устухони сар кафад?!",- изҳор доштааст модари сарбоз Гулчеҳра Насриддинова аснои мусоҳиба бо радио.
Ба қавли модари аскар, ин ҳодиса ҳамагӣ як моҳ пеш аз анҷоми хизмати аскарии писараш рух дод. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Феълан дар бораи шахсияти сарбози дигар, ки Насриддиновро латукӯб кардааст, чизе маълум нест.
Баҳриддин Насриддинови 22-сола, наздик ба ду соли пеш аз шаҳри Хуҷанд барои хизмати аскарӣ ба қисми низомии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе даъват шуд. Модараш мегӯяд, ки то ин дам ӯ на аз хизмати низомӣ ва на аз ҳамхизматҳояш ҳеч шикояте надошт.
Насриддинов дар ҳоли беҳушӣ қарор дошта, дар шӯъбаи эҳёгарии касалхона бистарист. Хароҷоти табобати ин сарбозро Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пардохт мекунад.
Масъулини қисми низомӣ дар беморхона ҳузур доштанд, аммо аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, дар додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии шикояти сарбози дигар, Шаҳбол Мирзоев ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ е бо даъвои пардохти 180 ҳазор сомонӣ (муодили 30 ҳазор доллар) ҷуброни зарари сомонӣ зарари маънавӣ идома дорад. Мурофиаи навбатии додгоҳӣ рӯзи 12 март баргузор хоҳад шуд.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмӯҳрааш мешиканад. Пас аз табобати тӯлонӣ дар хориҷ ва дохили кишвар сарбоз ҳанӯз мустақилона ҳаракат карда наметавонад.