Раисҷумҳур як бинои маъмуриро ифтитоҳ ва ду сохтмонро оғоз бахшид

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми гузоштани санги аввал ва нома ба наслҳои оянда
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми гузоштани санги аввал ва нома ба наслҳои оянда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бинои маркази иммунопрофилатикӣ бо харҷи 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон 6 март бинои нави Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст, менависад сомонаи раисҷумҳур.

Ҳамчунин он рӯз раисҷумҳур ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз бахшидааст.

Бинои маркази иммунопрофилатикӣ бо харҷи 5 миллиону 120 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Президент гуфтааст, барои пешгирӣ аз хуруҷ ва паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ ва ҳифзи сиҳатии мардум аз имконот ва дониши мутахассисон истифода шавад.

Тибқи лоиҳа, бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 13 ошёна иборат хоҳад буд.

Дар ин бино дар қатори утоқҳои корӣ, ки барои 680 коргар пешбинӣ шудаанд, толори маҷлисӣ бо 315 ҷойи нишаст, толори матбуот, 8 толори таъиноти гуногун, осорхона, боғи зимистона, ошхона бо 180 ҷойи нишаст ҷойгир мешаванд.

Дар ин бино ғайр аз кормандони дастгоҳи марказии вазорати мазкур ҳамчунин 3 хадамоти ин соҳа, 7 маркази ҷумҳуриявӣ, 2 бахши ҷумҳуриявӣ, Академияи илмҳои тиб, идораи сохтмони асосӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷой мегиранд.

Дар шаҳраки донишҷӯёни маъруф ба "Ҷазира" раисҷумҳур ба сохтмони се бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон оғоз бахшидааст.

Ин биноҳо тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда 9-ошёна буда, барои 1281 донишҷӯй пешбинӣ шудаанд.

Манбаъ менависад, барои оғози корҳои сохтмонӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Лентаи хабарҳо
0