Кашфу мусодираи маводи нашъадор дар рӯзҳои истироҳат

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкНобуд кардани маводи нашъадор дар Қазон. Акс аз бойгонӣ
Нобуд кардани маводи нашъадор дар Қазон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи рӯзҳои истироҳати гузашта дар қаламрави кишвар аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чанд ҳодисаи марбут ба гардиши ғайриқонунунии маводи мухаддир ошкор гардида, зимни амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи наздик ба 7 килограмм нашъа мусодира шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулиси Душанбе чанд нафар шаҳрвандон бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардиданд, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Ба қавли манбаъ, ҳангоми дастгир гардидан аз онҳо яроқи оташфишон низ мусодира карда шуд.

"Рӯзи ҳафтуми март зимни бурдани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар сокини ноҳияи Ҷиргатол Маҳмадрасул Ҳомидови 46-сола, Зулфиқаҳор Аюбови 33-сола ва Ғаффуров Мансур, соли таваллудаш 1977 аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир  гардиданд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Дар  вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 4 килою 400 грамм маводи нашъадори "ҳероин" ва 69,6 грамм маводи нашъадори "ҳашиш" дарёфт ва мусодира карда шуд.

Маводи мухаддира. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кашфу мусодираи ҳабҳои психотропӣ ва нашъа дар Тоҷикистон

Аснои як амалиёти дигари кормандони ВКД рӯзи 8-уми март, сокини шаҳри Душанбе Рустам Олимови 33-сола,  ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъадор дастгир карда шуд.

"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 27 адад ҳабҳои зардчатоби гирдшакл дарёфт ва мусодира гардид. Ташхис нишон дод, ки маводи дарёфтшуда ба моддаҳои психотропии "МDМА" мансуб буда, вазни умумиашон 6,709 граммро ташкил медиҳад",- меафзояд манбаъ.

Дар нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷинои ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0