ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокинони пойтахт ва вилояти Хатлон аз ҷониби мақомоти қудратӣ дастгир карда шуданд, менависад сомонаи ВКД ҶТ.
Рӯзи 21 феврал, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Шерафган Искандарови 44-сола ва Камолиддин Мадхолови 38-сола, сокинони шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуданд.
"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 44-дона хабҳои ба моддаҳои психотропӣ навъи (МДМА 3,4 метиллендиоксиметафетанин) мансуб буда, вазни умумиашон 10,717 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд",- меафзояд манбаъ.
Ҳамчунин, рӯзи 21-уми феврал, дар натиҷаи гузаронидани як чорабинии дигари оперативӣ дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ шаҳрванд Гадоев Хуршед Салимович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шӯрообод, дастгир карда шуд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ сол 564 грамм маводи нашъадори "бангдона" дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 22 феврал, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Панҷ Зоиршоҳ Шоҳсаидови 28-сола, сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд. Аснои кофтукоб аз дохили борхалтааш 14 килою 770 грамм маводи нашъадори навъи "ҳашиш" дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.