Обама: ИМА ва Аврупо дар таҳримоти алайҳи Русия бояд муттаҳид бошанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкБарак Обама. Акс аз бойгонӣ
Барак Обама. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ҷумҳури ИМА дар музокирот бо раиси Шӯрои Аврупо ҳамчунин гуфт, ки Ғарб бояд “истиқлолияти Украинаро” пуштибонӣ кунад, ҳатто агар бо “таҳдиди ҳамла” рӯбарӯ шавад.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. ИМА ва Аврупо бояд дар мавриди таҳримот алайҳи Русия мавзеъи яксони худро намоиш диҳанд, гуфт рӯзи душанбе раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама дар Кохи сафед қабл аз музокирот бо раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск, хабар медиҳад РИА Новости.

"Меҳвари асосии музокирот Украина хоҳад буд. Мо бояд яксон будани худро дар мавриди таҳримот алайҳи Русия нишон бидиҳем", — гуфт Обама.

Раиси ҷумҳури ИМА ба ин назар аст, ки Ғарб бояд аз "истиқлолияти Украина пуштибонӣ кунад", ҳатто агар бо "таҳдиди ҳамла" рӯбарӯ шавад.
Ҳамчунин Обама ба мавзӯъи "хатароти ҷиддие, ки иқтисоди Украина бо онҳо рӯбарӯ шудааст" тавваҷӯҳ кард.

Раиси ҷумҳури ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба эътирофи Обама ИМА барои тағйири ҳукумат дар Украина мусоидат кард

"Мо бояд талош кунем, ки дар 90% қаламрави Украина, ки таҳти назорати ҳукумати Киев аст, рушди иқтисодӣ мушоҳида шавад", — гуфт вай.
Ба навбаи худ Туск изҳор дошт, ки бояд мавзеъи яксони миёни ИМА ва ИА таъмин карда шавад.

"Мо метавонем мушоҳида кунем, ки… моро талош доранд аз ҳам ҷудо кунанд", — изҳор дошт вай. Ба гуфтаи ӯ, "ҳоло фурсати беҳтарине расидааст, ки ҷавомеъи мо эҳё шавад".

Қабл аз сафар ба ИМА Туск изҳор медошт, ки феълан дар мавриди таҳримоти ҷадид алайҳи Русия дар миёни кишварҳои аъзои ИА "мавзеъи яксон вуҷуд надорад".

Лентаи хабарҳо
0