Миқдори марокизи санҷишгирӣ аз муҳоҷирон 40% бештар шуд

© Sputnik / Александр Поготов / Гузариш ба медиабонкМаркази санҷишгирӣ. Акс аз бойгонӣ
Маркази санҷишгирӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бештаре аз манотиқи Русия ниҳодҳои зирабт ба таҷаммуъи атбои хориҷӣ, ки мехоҳанд барои таҳияи муҷҷавизи кор дар ФР санҷиш бисупоранд, омода набудаанд ва коршиносон роҳи ҳалли ин мушкилро дар афзоиши марокизи муҳоҷирон мебинанд.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Миқдори марказщои санҷишгирӣ дар Русия аз авоили соли ҷорӣ аз 250 то ба 400 адад афзоиш ёфтааст, менависад хабаргузории "Ховар".

Дар як маркази санҷишгирӣ дар як рӯз то 80 нафар атбоъи хориҷӣ санҷиш месупоранд. Вале на ҳамаи манотиқи Русия ба таҷаммуъи атбоъи хориҷӣ, ки мехоҳанд санади супоридани санҷишро дарёфт кунанд, омода будаанд. Дар бештари шаҳрҳо дар марокизи муҳоҷирон навбатҳои тӯлонӣ мушоҳида мешаванд.

"Атбоъи хориҷӣ метавонистанд дар соли 2014 санҷиш супорида санадро дарёфт кунанд, вале тақрибан ҳеҷ касе аз онҳо ин корро накард", — гуфт муъовини таҳсилоти изофии раиси Донишгоҳи дӯстии халқҳо Анжела Должикова.

Феълан марокизи санҷишгирӣ водор мешаванд, ки ба далели муроҷиъати теъдоди зиёди муҳоҷирон биноҳои изофӣ ихтисос бидиҳанд.
Ба гуфтаи Должникова, беш аз 80% атбоъи хориҷӣ санҷишҳоро бомуввафақ месупоранд.

Маркази санҷиши муҳоҷирони корӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сенатор: инҳисор дар қабули санҷиш аз муҳоҷирон бояд лағв шавад

"Омори натоиҷи санҷишсупорӣ дар манотиқ мухталиф аст: дар баъзе манотиқ 97% санад гирифтанд, дар баъзе манотиқ камтар. Вале ин рақам аз 80% пойин нарафтааст", — тавзеъ дод муовини раис.

Раҳбари созмони ҳуқуқи башари "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" Гавҳар Ҷӯраева бар ин назар аст, ки миқдори марокизи санҷишгирӣ на танҳо дар манотиқ кофӣ нест, балки дар пойтахт ҳам кам аст.

"Мизони бештари вуруди муҳоҷирон дар Москва ва Санкт-Петербург аст. Вале ҳатто бо дарназардошти афзоиши марокизи санҷишгирӣ миқдори онҳо нокофӣ аст", — мегӯяд Ҷӯраева.

Ба эътиқоди вай, навбатҳои тӯлонӣ ба далели зарфияти андаки ин марокиз пайдо мешаванд.

Маркази тестии муҳоҷирон дар Тсаритсино пас аз шикояти зиёд баста шуд

"Гузашта аз ин, нафароне пайдо мешаванд, ки ба муҳоҷирон бар ивази маблағҳои калон сарфи назар кардани ин навбатҳоро пешниҳод мекунанд. Мавриде буд, ки аз як табаъайи хориҷӣ бар ивази ин хидмат 30 ҳазор рубл талаб кардаанд", — гуфт ҳомии ҳуқуқи башар.

Ҷӯраева бар ин назар аст, ки мушкили навбатҳоро таъсиси марокизи санҷишгирӣ, ки дар асоси созмонҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ барпо мешаванд, метавонанд ҳал кунанд.

"Таҳти назорати шадид онҳо метавонистанд, ки снаҷишгирӣ кунанд, зеро теъдоди зиёди афрод мехоҳанд санад дарёфт кунанд, ки бозгӯйи он аст, ки муҳоҷирон мехоҳанд қонунӣ бошанд", — изофа кард вай.

Тибқи арзёбии Идораи федероли муҳоҷирати Русия, дар соли 2015 бояд 3,4 миллион атбоъи хориҷӣ санҷиши кулл бисупоранд.

Лентаи хабарҳо
0