Маркази тестии муҳоҷирон дар Тсаритсино пас аз шикояти зиёд баста шуд

Обуна шудан
Сокинони Тсаритсинои Маскав аз фаъолияти маркази тестӣ дар ин минтақа нороҳат шуда, ба мақомот шикоят бурданд. Ҳукумати пойтахти Русия фаъолияти ин муассисаро то охири моҳи март мутаваққиф кард.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Маркази тестии муҳоҷирон доир ба забони русӣ бинобар шикояти зиёди шаҳрвандони Маскав баста шуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Мири шаҳр (Сергей Собянин) супориш дод, ки маркази тестии муҳоҷирон дар Тсаритсино баста шавад",- гуфт Алексей Майоров, сардори департаменти амнияти минтақа ва мубориза бо фасод.

Аз ин ба баъд муҳоҷирон имтиҳони забони русиро дар маркази дигар, ки дар деҳаи Сахаровои Маскави нав воқеъ аст, месупоранд.

Тафтиши шиноснома дар фурудгоҳ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд

Ба иттилои Хадамоти федералии муҳоҷират дар соли равон бояд ҳудуди 3,4 миллион атбоъи хориҷӣ дар имтиҳони забони русӣ ширкат намоянд.

Аз 1 январи соли 2015 дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ба қувваи қонун даромаданд. Ҳамин тавр, барои буду боши қонунии худ дар ФР муҳоҷирон бояд санадҳои зиёдеро пешниҳод созанд.

Бар пояи тағйироти қонунгузории Русия, ки аз 1 январи соли 2015 амалӣ мешавад, аз ин ба баъд шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор вориди ФР мешаванд, ба ғайр аз патент бояд санади тиббӣ дар бораи саломатӣ дошта бошанд. Инчунин доштани ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохти АДШҲ (НДФЛ) ва донистани забони русӣ шарти ҳатмист.

Лентаи хабарҳо
0