Пулиси Қирғизистон: дар Сурия 30 хонуми қирғиз меҷанганд

© AP Photo/albaraka_news, FIleҶангҷӯёни "Давлати исломӣ"
Ҷангҷӯёни Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои пулиси Қирғизистон дар Сурия алайҳи давлати Башор Асад беш аз 200 шаҳрванди ин кишвар, ки миёни онҳо сӣ нафар занҳо ҳастанд, меҷанганд.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар сафи исломгароён дар Сурия 200 нафар аз Қирғизистон меҷанганд, хабар додааст РИА Новости бо истинод ба раҳбари бахши кофтукоби ҷиноӣ дар вазорати корҳои дохилии кишвар Рафиқ Мамбеталиев.

"Маълум аст, ки дар манотиқи даргири Сирия беш аз 200 шаҳрванди кишвари мо, аз онҳо 30 нафар занон қарор доранд", — менависад хабаргузорӣ бо истинод ба Мамбеталиев.

Ба гуфтаи вай, ВКД дар барои ҷилавгирӣ аз тундгароӣ, терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва низоҳои байниқавмӣ умури зиёде анҷом медиҳад. Вале дар ин миён мушкили аслӣ ҷалби зархаридони қирғиз барои ҷанг дар Сурия аст, ки маъмулан аз сӯйи ҷосусони созмонҳои байналмиллалии террористӣ умдатан дар вилоёти Ош ва Ботканд, дар ҷануби ҷумҳурӣ, сурат мегирад.

"То ҳол 83 мавриди ҷалб ва эъзоми шаҳрвандони мо ба Сурия ошкор шуда ва ин маворид таҳқиқ мешаванд", — зикр кард Мамбеталиев.

Дар ниҳодҳои интизомии Қирғизистон тазаккур медиҳанд, ки шаҳрвандони эъзомшуда баъд аз пайдо кардани таҷрибаи низомӣ барои анҷоми амалиёти ғайриқонунӣ ба қаламрави кишварҳои ҳамсуд фиристода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0