Музокироти “чаҳоргонаи нормандӣ” анҷом ёфт

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкМузокироти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина дар Минск
Музокироти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина дар Минск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамоиши “чаҳоргонаи нормандӣ” барои ҳалли сулҳомези бӯҳрони Украина, ки тамоми шаб ва қисми субҳи имрӯз идома дошт, бо таҳияи санади ниҳоӣ ва ирсоли он ба баррасии гурӯҳи корӣ анҷом ёфт.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Санаде, ки дар Минск таҳия шуд, оташбас аз 14-уми феврал, канор бурдани васоили ҷангии сангин, ташкили манотиқи амнро дар назар дорад, хабар медиҳад РИА Новости.

Тарҳи ин санад барои баррасӣ ва таъйид ба гурӯҳи ҳамгир ирсол шудааст, хабар медиҳад манбаъи наздик ба раванди музокирот.

Дар пайи натоиҷи ин музокирот, ки дар Минск беш аз ним шабонарӯз идома дошт, интизор меравад руасои ҷумҳури Русия, Фаронса, Украина ва садри аъзами Олмон санаде дар заминаи ҳалли даргирӣ дар Донбассро имзо кунанд.

Ба гуфтаи манбаъи наздик ба раванди музокирот, "чаҳоргонаи нормандӣ" ба пешрафти бузурге даст ёфтааст. Ба гуфтаи вай, санади ниҳоӣ 80% омода аст ва аз 10 бахш иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0