ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Президенти Украина Петр Порошенко гуфт, аснои музокироти Минск ба тавофуқ расиданд, ки дар зудтарин фурсат Надежда Савченко, халабони боздоштшудаи украинӣ раҳо мешавад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Рейтер.
"Тавофуқ дар бораи озодшавии халабони Нерӯҳои ҳавоӣ-ҳарбии Украина Савченко ба даст омад",- менависад манбаъ аз номи Порошенко. Аммо ҷузъиёти он шарҳ дода нашудааст.
Халабони украинӣ Надежда Савченко бо иттиҳоми даст доштан дар куштори ду хабарнигори ширкати радио ва телевизионии Русия дар Донетск гумонбар аст, аз тобистони соли гузашта дар боздоштгоҳе дар ФР ба сар мебарад. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти интихоботи парлумонии Украина дар моҳи октябри соли гузашта ӯ вакили Радаи боло (Верховная Рада) аз ҳизби "Баткившина" интихоб шуда, ҳамзамон ба ҳайси аъзои доимии намояндагии Рада дар АПША (ПАСЕ) пазируфта шудааст.