ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Шабакаи Twitter якҷо бо ниҳодҳои интизомии ИМА дурустии таҳдидот алайҳи ҳаммуъассиси шабака Ҷек Дорисиро, ки эҳтимолан аз номи ДИ мунташир шудааст, бозрасӣ мекунанд, хабар додааст РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии NBC News.
Таҳдидот алайҳи Дорси дар яке аз сойтҳое пайдо шуданд, ки барномасозон онро барои нашри ҷузъиёти сирри компютерӣ истифода мекунанд.
Дар ин пайём рамз бо парчами сиёҳи "Давлати исломӣ" ва акси марде зери "нишон" таҷассум ёфтаанд. Муаллифи пайёмак дар муроҷиъа ба Дорси аз масдуд шудани сафаҳоти марбут ба ДИ интиқод мекунад.
"Коршиносони амниятии мо якҷо ба маъмурони ниҳодҳои интизомӣ дурустии ин таҳдидотро бозрасӣ мекунанд", — омадааст дар хабари Twitter, ки дар ихтиёни шабакаи телевизионӣ қарор гирифтааст.
Тибқи иттилоъи ИМИ, дар суфуфи ДИ ҳудуди 30 ҳазор ҷангҷӯ қарор доранд. Ин созмон дар манотиқи забтшуда хилофат эълом кардааст. Ҷабҳаи муштарак барои муқобала бо ДИ вуҷуд надорад: бо ин гурӯҳ нерӯҳои давлатии Сурия ва Ироқ меҷанганд, эътилофи байналмиллалӣ бо раҳбарии ИМА (феълан танҳо зарбаҳои ҳавоӣ мезананд) ва курдҳои ироқиву суриягӣ муқобала мекунанд.
Дар пайи амалиёти низомӣ чанд ҳазор сокинони осоишта кушта шуда садҳо ҳазори дигар гуреза шудаанд ва чанд ҳазори дигар дар дасти ДИ гаравгон афтодаанд.