ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Навбат барои гирифтани патент дар минтақаҳои сабти номи муҳоҷирин рӯзҳои наздик аз байн меравад, менависад РИА Новости бо истинод ба изҳороти муовини раиси Хадамоти федералии муҳоҷират Екатерина Егорова.
Ба қавли Егорова, минтақаҳои Федератсияи Русия соҳиби ваколатҳои бештар дар ростои пешниҳоди хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, аз ҷумла вақти гирифтани патент мешаванд. Сухан дар мавриди додани бимаи тиббӣ (полиси тиббӣ), ташкил ва созмон додани имтиҳони тестӣ дар марказҳои минтақаҳо ва ғайра меравад.
"Дар ин бахш мушкилот вуҷуд дорад, аммо вобаста ба манфиати иқтисодие, ки минтақаҳо аснои додани патент ба даст хоҳанд овард, ин проблема аз байн меравад. Навбатҳо дар марокиз рафъ хоҳанд шуд",- илова кард Егорова.
Ба иттилои ХФМ Русия шурӯъ аз аввали сол ба буҷаи шаҳри Маскав ҳудуди 522,5 миллион рубл аз фурӯши патентҳо (муҷҷавиз) ворид шудааст, ки он 43% даромади фурӯши муҷҷавизҳоро дар саросари ФР ташкил медиҳад.
Соли гузашта аз ҳисоби фурӯши патент Русия тақрибан як миллиард рубл даромад гирифт ва имсол низ умед дорад, ин маблағ коҳиш нахоҳад ёфт.