Маркази воҳиди муҳоҷирон дар вилояти Маскав шабонарӯзӣ фаъол мешавад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкНавбати муҳоҷирон дар назди бахши ИФМ дар Москав. Акс аз бойгонӣ
Навбати муҳоҷирон дар назди бахши ИФМ дар Москав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гузариш ба наҳваи шабонарӯзии кор имкон медиҳад, ки навбатпоӣ камтар шуда бо теъдоди бештари муҳоҷирони корӣ, ки барои дарёфти муҷҷавизи кор муроҷииат мекунанд, муомила шавад.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Маркази воҳиди муҳоҷирон (МВМ) дар Маскав ба манзури афзоиши зарфияти ин ниҳод то 3,5 ҳазор нафар атбоъи хориҷӣ дар як рӯз муҳоҷирони кории хориҷиро ба сурати шабонарӯзӣ қабул мекунад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ХФМ Русия.

Рӯзи ҷумъа раҳбари бахши пойтахтии ИФМ (Идораи федералии муҳоҷират) Русия Олга Кириллова изҳор дошта буд, ки феълан ин марказ ба наҳваи муввақат фаъолият мекунад ва метавонад ҳудуди 1,5 ҳазор аснодро дар як рӯз қабул кунад, вале ин мизон ниёзҳои Маскавро наметавонад қонеъ созад.

"Дирӯз ҷаласа баргузор шуд ва тасмим шуд, ки кормандони марказ ба сурати шабонарӯзӣ кор карда зарфиятро то ба 3,5 ҳазор нафар атбоъи хориҷӣ дар як рӯз мерасонанд", — гуфт Кириллова.

Маркази муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ИФМ: миқдори марокизи муҳоҷиронро бояд то 15-20 адад афзоиш дод

Қаблан сафорати Қирғизистон ба вазорати умури хориҷаи Русия бо ирсоли номае хоҳиш карда буд, ки ба фаъолияти маркази ҷадиди муҳоҷирони Сахарово расидагӣ кунад. Намояндагии дипломатӣ дар бораи омода набудани марказ барои қабул ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ хабар дода буд.

Зимни дидор аз маркази муҳоҷирон дар рустои Сахарово кормандони консулгарӣ шоҳиди дар навбат истодани беш аз се ҳазор нафар, гирдиҳамоӣ ва фишори анбӯҳ шуданд. Ба иттилоъи онҳо, барои қабули мушовирони марказ бояд 3-5 соат дар навбат истод, ҳамарӯза то оғози кори марказ дар назди он то 1,5 ҳазор нафар таҷаммуъ мекунанд.

Марказ дар ҳудуди Москави ҷадид дар наздикии рустои Сахарово ё декабри соли гузашта ифтитоҳ шуда ва 12 январи соли 2015 нахустин муштариёнро пазируфт.

Муҳоҷирон дар ин ҷо санҷиши донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қавонини ФР супорида, аз ташхиси пизишкӣ мегузаранд ва аснодро барои дарёфти патент месупоранд.

Феълан дар марказ ҳамарӯза ҳудуди як ҳазор муҷҷавиз ироъа мешавад. Ба иттилоъи худи марказ, зарфияти он 2000 нафар дар як рӯз аст.

Лентаи хабарҳо
0