ИФМ: миқдори марокизи муҳоҷиронро бояд то 15-20 адад афзоиш дод

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкМаркази муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Маркази муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ХФМ Русия бар ин назар аст, ки марказҳои муҳоҷирони корӣ дар куллия манотиқи Русия зарур нест ва кофӣ аст, ки дар бист шаҳрҳои бузурги кишвар чунин марокиз боз шаванд, то дастрасии муҳоҷирон ба хадамоти муҳоҷиратӣ содда карда шавад.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Русия ба 20 марокизи муҳоҷирон дар шаҳрҳои бузург ниёз дорад, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ куллия хадамоти муҳоҷиратӣ ироъа кунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раҳбари ХФМ Русия Константин Ромодановский.

Ба гуфтаи Ромодановский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷират феълан дар Русия 5 чунин марказ фаъолият доранд.

"Ман бар ин назарам, ки миқдори чунин марокиз бояд 15-20 адад бошад. Дар куллияи манотиқи кишвар ба чунин марокиз ниёз нест, дар он ҷо ниҳодҳои ИФМ бо нерӯи худ метавонанд ин мушкилро ҳалл кунанд, вале дар шаҳрҳои бузург, ки дар он ҷо теъдоди атбоъи хориҷӣ, ки мехоҳанд наҳваи фаъолияти кории худро расмӣ созанд, ба чунин марокиз ниёз ҳаст", — гуфт Ромодановский рӯзи сешанбе зимни дидор аз як маркази муҳоҷирон дар вилояти Москав.

Ироъаи нахустин муҷҷавизҳои кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон метавонанд муҷаввизи корро то як сол тамдид кунанд

Вай зикр кард, ки чунин марокиз, ки дар он ҷо муҳоҷирон метавонанд ташхиси пизишкӣ анҷом дода, санҷишотро бисупоранд ва барои дарёфти муҷҷавизи кор аснодро ироъа кунанд бо дарназардошти имконоти мақомоти маҳаллӣ бунёд хоҳанд шуд.

Тибқи муқаррароти ҷадиди муҳоҷиратии Русия ҳамакнун муҳоҷирони корӣ бар ҷойи саҳмия бояд муҷҷавизи кор дарёфт кунанд. Барои гирифтани муҷҷавиз муҳоҷир муваззаф аст, ки аз ташхиси пизишкӣ бигзарад ва аз забони забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи Русия санҷиш биспорад.

Лентаи хабарҳо
0