ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ ва номзад аз ҳавзаи якмандатии Фархор (№34) иддао дорад, ки 77,5% орои интихобкунандагонро ба даст овардааст, менависад радиои Озодӣ.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саъидҷаъфар Исмонов мегӯяд, дар ҳавзаи якмандатии рақами 34-и Фархор аз ҳамаи рақибонаш раъйи бештар касб кардааст. Ба қавли ӯ, аз комиссияи ҳавзавӣ хабар доданд, ки ӯ аз маҷмӯи 85 дарсади орои мардум, 77,5 дарсадро ба худ ихтисос додааст. Ба гуфтаи вай, ҳарифаш Зайниддин Юсуфов аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2,07 дарсад ва ҳарифи дигараш Кабутов 4 фоиз раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаанд.
Исмонов, менависад Озодӣ, тасдиқ мекунад, ки демократҳо имкони ба даст овардани боз як курсии вакилиро тибқи рӯйхати ҳизбӣ доранд.
Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон то ин лаҳзаҳо аз ироаи ҳаргуна маълумот оид ба натоиҷи интихобот худдорӣ мекунад ва қарор аст, соати 10-и рӯзи душанбеи 2-март зимни нишасти хабарӣ, натоиҷи ниҳоиро эълон намояд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон то кунун дар парлумони кишвар намоянда надошт ва дар сурати таъйди пирӯзии Саидҷаъфар Исмонов аз сӯи КМИР, барои аввалин бор ҲДТ ба парлумон роҳ меёбад.
Пешвои демократҳо соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.Замони ҷанги шаҳрвандӣ ширкати истеҳсолии дорувории «Хатлон»-ро дар ноҳияи Ховалинг ташкил дод.Баъди ҷанг ба Душанбе омад ва дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ — Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт.
Соли 2005 ба таъсиси ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон кӯшиш кард, вале сабти ном карда натавонист. Саъидҷаъфар Исмонов соли 2006 ба ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси ҳизб интихоб шуд.Соли 2013 дар интихоботи президентӣ ба ҳайси номзади райисҷумҳурӣ ширкат карда, соҳиби 1 дарсади оро гардид.
Интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон) рӯзи 1 март баргузор гардид. Натоиҷи муқаддамотӣ имрӯз, душанбеи дуввуми март аз ҷониби КМИРТ эълом хоҳанд шуд.