ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бар пояи ҳисобҳои пешакӣ дар интихоботи парлумонии баргузоршуда дар рӯзи якшанбеи 1 март ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ райъи бештари интихобкунандагонро ба даст овардааст, менавсиад CA-NEWS дар такя ба як манбаъ.
Ба иттилои оҷонсӣ, дар бархе аз ҳавзаҳои интихоботи номзадҳо аз ҲХДТ ҳудуди 70% овозҳои интихобкунандагонро мегиранд. Субҳи рӯзи душанбе (соати 10:00) дар КМИРТ натоиҷи қаблии интихоботи парлумонӣ эълом хоҳад шуд.
Ба палатаи поёнии парлумони мамлакат 63 вакил интихоб мешаванд: 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 тани дигар тибқи рӯйхати аҳзоби сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ. Ҳамагӣ 285 номзад (103 нафар аз рӯйхати ҳизбӣ ва 182 кас аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ), аз ҷумла 80 номзади худпешбар барои соҳиб шудан ба курсии вакилии Маҷлиси намояндагон сабқат доштанд. Миёни номзадҳо 32 нафар занон ҳам ҳастанд.
Ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар кишвар номзадҳои худро ба интихобот пешниҳод карданд, синни ҷавонтарин номзад 30-сола буда, бузургсолтарини онҳо 71 сол дорад. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ танҳо ҳамон ҳизбе вориди парлумон мешавад, ки агар садди 5 дарсадиро убур кунад. Интихоботи парлумониро дар ҶТ 528 нозири байналмилалӣ ва бештар аз 1000 нафар нозирони маҳаллӣ назорат карда, 100 хабарнигор аз ВАО-и мухталиф аз ҷараёни интихобот хабару гузориш пахш карданд.
Дар интихобот намояндагони ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон- ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ (ҲХДТ), ҳизби коммунист (ҲКТ), ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ҳизби демократ (ҲДТ), ҳизби сотсиал-демократӣ (ҲСДТ), ҳизби сотсиалистӣ (ҲСТ), ҳизби аграрӣ (ҲАТ) ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ) ширкат доштанд. ҲХДТ, ш онси бештари пирӯзиро мисли интихоботи қаблӣ, ки рӯзи 28 феврали соли 2010 баргузор шуд, дорад. Он вақт аз 63 курсии вакилӣ 45-тоашро ҲХДТ ба худ ихтисос дода, аҳзоби наҳзати исломӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан ҳар кадоме соҳиби ду мандат гардида буданд.