Умури иктишофӣ дар “Шоҳамбарии ғарбӣ” тобистони имсол оғоз мешавад

© Официальный сайт Gazprom InternationalЧоҳи "Шаҳринав-1п" дар минтақаи Сариқамыш. Акс аз Gazprom International
Чоҳи Шаҳринав-1п дар минтақаи Сариқамыш. Акс аз Gazprom International - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Gazprom international" ҳанӯз соли гузашта дар минтақаи “Шоҳамбарии ғарбӣ” умури ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоъоти иктишофиро оғоз карда буд. Баъд аз анҷоми бархе аз пажӯишҳо ширкат дар ин ҷо маркази зилзилашиносиро фаъол мекунад.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширкати Gazprom international қасд дорад тобистони имсол умури иктишофӣ дар маҳалли кони "Шоҳамбарии ғарбӣ"-ро оғоз кунад, хабар додааст сойти интернетии идораи саргеологияи Тоҷикистон.

Дар дидоре, ки 26 феврал миёни раҳбарияти Идораи саргеология ва намояндагони ширкати "Газпром" баргузор шуд, зикр шудааст, ки ширкати мутаъаллиқи ин ширкати русӣ барои кандани чоҳи чуқуртарин дар Осиёи Марказӣ умури зиёде анҷом дода, вале захойири қобили мулоҳизаи нафту гоз дар ин чоҳро пайдо накардааст. Ба ин далел тасмим шудааст, ки талоши ҷустуҷӯйи нафту гоз дар чоҳи дигар идома дода шавад.
Гузориши ширкат дар бораи умури анҷомшуда дар минтақаи Сариқамиш баррасӣ шуд.

Пешниҳодоте барои анҷоми сареъ ва босифати нақша дар соли 2015 садо доданд. Ҳамчунин ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳамкориҳо дар ин заминаро ташдид мекунанд, — омадааст дар хабар.

Дар сойти интернетии Gazprom international зикр мешавад, ки барои анҷоми умури иктишофӣ дар Сариқамиш беш аз 1,5 миллиард рубли русӣ сармоягузорӣ шудааст.

Дар ин ҷо ҷуқуртарин чоҳи "Шаҳринав-1п" кобида шуд, ки умқаш беш аз 6300 метри нақшавӣ аст, вале натоиҷи ин умур собит кард, ки ширкат дар ин минтақа захойири қобили мулоҳизаи нафту газро пайдо накардааст.

Усмоналӣ Усмонзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Усмонзода: “Газпром” дар Тоҷикистон захоири чашмраси газ пайдо накард

Ҳарчанд захойири кони Сариқамиш ба сурати муқаддамотӣ дар ҳаҷми 18 миллиард кубометри гази табиъйӣ, 17 миллион тонн нафт ва 2 миллиард кубометр гази моеъшуда арзёбӣ мешуд.

Соли гузашта ширкат дар минтақаи "Шоҳамбарии ғарбӣ" аллакай умури ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоъоти иктишофирон оғоз карда буд. Ба ғайр аз ин умури иктишофии зилзилашиносӣ идома дорад ва сипас ӯрдугоҳи саҳроии зилзилашиносӣ боз хоҳад шуд.

Масоҳати ин минтақа 247 км² буда дар қаламрави ноҳияи Ҳисор, ки аз самти шимол бо Душанбе ҳаммарз аст, воқеъ мебошад. Муҷҷавизи истифодаи ин минтақа ба "Газпром" соли 2008 дар пайи имзои созишномаи шартҳои анҷоми умури иктишофӣ дар манотиқи нафтугазхези Тоҷикистон ироъа шуда буд.

Дар пайи анҷоми умури иктишофӣ Gazprom International ба ин натиҷа расид, ки барои мушшахас ва омода сохтани ин минтақа барои истихроҷи нафту газ масоҳати он бояд фароҳтар карда шавад ва ин амр дар соли 2012 иҷро шуд.

Лентаи хабарҳо
0