ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Махсуми Муҳаммадикром, фарзанди рӯҳонӣ ва шоири маъруфи ибтидои асри 20 Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ, 26 феврал дар ноҳияи Нуробод, воқеъ дар 130-километрии шимолу шарқи пойтахти Тоҷикистон, даргузашт, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.
Махсуми Муҳаммадикром, ба гуфтаи наздиконаш, 99 сол дошт ва тайи қариб 6 моҳи охир бемории бистарӣ буд. Махсуми Муҳаммадикром, ки дар байни рӯҳониёни суннатгарои Тоҷикистон маъруф буд, баъди қариб 10 соле, ки дар даврони Шӯравӣ дар Сибир дар бадарға ба сар бурда буд, аз бемории диққи нафас азият мекашид.
Ҳоҷӣ Ҳисорӣ Саломов, яке аз муридони Махсуми Муҳаммадикром дар суҳбат бо радио гуфтааст, Махсуми Муҳаммадикром соати тақрибан 15 —и рӯзи 26 феврал аз олам чашм пӯшидааст ва ҷанозааш рӯзи ҷумъаи 27 феврал баъди адои намози ҷумъа хонда шуда, ӯро дар оромгоҳи зодгоҳаш — Муҷахарф ба хок хоҳанд супурд.
Махсуми Муҳаммадикром аз рӯҳониёни суннатгарои Тоҷикистон аст, ки дар байни аҳли дин дар ин кишвар эътиқодманду пайрави зиёде дошт. Ин хонаводаи рӯҳонӣ бахусус дар дараи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод (Комсомолободи собиқ) нуфузи зиёд ва ҳамчунин дар навоҳии дигари водии Рашт ва дар водиҳои Ҳисору Вахш ҳам пайрав дошт.
Дар соли 1930, баъди омадани Артиши Сурх Абдулҳайи Муҷахарфӣ, падари Муҳаммадикром, ки он замон 63 сол дошт, ҳамроҳи писари калониии он замон сисолааш бо тӯҳмат дар Оби Гарм ҳамчун "унсури аксулинқилобӣ" ба қатл маҳкум шуданд. Домулло писараш Абдуфаттоҳро аз боздошт гурезонд ва ӯ баъдан ба Афғонистон ва баъди ҳамлаи нирӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон ба Арабистони Саудӣ фирор кард. Аммо худи рӯҳонӣ ва шоири маъруф Абдулҳайи Муҷахарфиро соли 1931 дар синни 64 —солагӣ, бино ба бархе манбаъҳо, дар маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе, ки он замон як қатлгоҳи мақомоти амниятии Шӯравӣ шуда буд, куштанд.
Аз Абдулҳайи Муҷахарфӣ чандин китоб, аз ҷумла "Муфизу-л- анвор", "Далоилу-л- салотин", "Муфиду-л-мўъминин", "Канзул-маъовиз" ва "Девони ашъор" то имрӯз боқӣ монда, аз китобҳои дигараш, чун "Гулзори таҳрир", "Ойинаи шавқ", "Тахмисот" танҳо номаш дар ёд мондааст, менависад радио.