Маккейн: суханҳои раҳбари хадамоти ҷосусии низомӣ хандаоваранд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкҶон Маккейн. Акс аз бойгонӣ
Ҷон Маккейн. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан раҳбари бахши иктишофии вазорати дифоъ Винсент Стюарт изҳор дошта буд, ки кӯмаки низомии марговар ба Украина сареъан мунтақил шуда наметавонад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн суханони раҳбари умури иктишофии низомии ИМА мабнӣ бар он ки Иёлоти Муттаҳида барои ироъаи сареъи силоҳи марговар ба Киевро хандаовар номид, менависад хабаргузории Sputnik.

Рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар ҷаласаи кумитаи сенат дар умури таслиҳот, раҳбари умури иктишофии вазорати дифоъ Винсент Стюарт изҳор дошт, ки имкони ироъаи сареъи силоҳи марговар ба Украина, ки тавонад тавозуни нерӯҳо дар даргирӣ дар шарқи ин кишварро тағйир бидиҳад, вуҷуд надорад.

"Ин хандаовар аст. Силоҳро ба Украина фардо низ ироъа кардан мумкин аст. Барои ин амр мо ҳавопаймоҳои борбар дорем", — гуфт сенатор.

Петр Порошенко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон: ИМА бояд ба Украина бештар силоҳ ворид кунанд

Қаблан, бархе аз маъмурияти ИМА ва коршиносон аз ироъаи силоҳ ба Украина ҷонибдорӣ карда, бархеи дигар муқобили ин амр буданд. ИМА аз Украина пуштибонии низомӣ мекунад, вале гуфта мешавад, ки ин амр "марговар" нест.

Бо ин вуҷуд, раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин қаблан изҳор дошт, ки тибқи иттилоъи ҷониби Русия, силоҳи амрикоӣ аллакай ба Украина ворид карда мешавад. ИМА ин иддаъоро радд мекунанд.

Маскав қаблан аз тасмимоти ироъаи силоҳ ба Украина ҳушдор дода буд, ки ин амр метавонад ба ташдиди даргирӣ дар ин кишвар мунҷар шавад. Бештаре аз сиёсатмадорони Аврупо низ мухолифи ироъаи силоҳ ба Украина ҳастанд. Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штайнмайер изҳор дошт, ки ироъаи силоҳ ба Украина амри нодуруст ва таҳдидомез мебошад.

Лентаи хабарҳо
0