Гавҳар Ҷӯраева: барои муҳоҷирон пардохти қиммати муҷҷавиз беҳтар аст

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкМаркази муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Маркази муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари маркази “Муҳоҷират ва қонун” бар ин назар аст, ки роҳандозии муҷҷавиз ҳам ба муҳоҷиран ва ҳам ба давлат судовар аст, зеро якумиҳо метавонанд ба сурати қонунӣ кор пайдо кунанд ва давлат нерӯи камтареро барои муқобала бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ масраф кунад.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба муҳоҷирон дарёфти муҷҷавизи кор бар ивази 14,5 ҳазор рубл судовар аст, аз он ки барои расмӣ кардани кори худ дар Москав онҳо дар гузашта ба миёнаравон то 50 ҳазор рубл пардохт мекарданд, иқтибос овардааст хабаргузории "Фергана" аз суханони раҳбари маркази "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷӯраева.

Ба гуфтаи Ҷӯраева, наҳваи пешини ихтисоси саҳмияи нерӯи корӣ барои корфармоён душвор ва барои муҳоҷирон норӯшан буд ва танҳо барои таҳвили онҳо ба фаъолияти ғайриқонунӣ мусоъидат мекард ва онҳое, ки мехостанд қонунӣ кор кунанд ба дасти миёнаравҳо меафтоданд.

"Миёнарав — бахши ҷиноӣ мебошад, ки ҳамасола тавсеъа меёфт ва маъмулан зери ниқоби созмонҳои аққлиятҳои миллӣ амалан ба ғорати муҳоҷирон машғул буд. Гузашта аз ин, зимни муроҷиъа ба миёнаравҳо муҳоҷир мутмаъин набуд, ки ба вай "асноди" тақаллубӣ таҳия мекунанд", — зикр кард вай.

Ҷӯраева муътақид аст, ки ҳамакнун наҳваи мадании истихдоми муҳоҷир ба кор роҳандозӣ шуда арзиши вай ба унвони коргар ва ҳатто ҳамчун инсон боло меравад.

"Ҳар чизе ки нагӯянд, вале ниёз ба нерӯи кори муҳоҷирон вуҷуд дорад — аллакай фаррошон ва коргарон намерасанд", — гуфт раҳбари маркази ҳимояти муҳоҷирон.

Ин дар ҳолест, ки дар Марокизи муҳоҷирон навбатҳои тӯлоние пайдо шудаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар маркази Сахарово аллакай инсонҳои "нағзе" пайдо шудаанд, ки ҳалли куллияи мушкилотро бидуни навбат бар ивази 20 ҳазор рубл ваъда медиҳанд.

"Аз истгоҳи "Новослабодская" автобусҳо ҳаракат мекунанд ва муҳоҷиронро ба Сахарово мунтақил мекунанд. Тамоми гурӯҳро аз дари ҷудогона ворид мекунанд. Он ҷо онҳо санҷиш месупоранд. Санҷиш ва ташхиси пизишкӣ — дар як рӯз, рӯзи дигар — супоридани изи панҷаҳо ва санҷиши дубора, агар бори аввал насупорида бошад. Барои чунин шароити муносиб боз 5.500 рубли изофӣ. Ва ин ҳама ҳоло оғоз аст", — иқтисоб овардааст расона аз суханони як муҳоҷири кории тоҷик.

Барои муқобала бо чунин миёнаравҳо Гавҳар Ҷумаева пешниҳод мекунад, ки бозрасии созмонҳои ҳам ҷамъиятӣ ва ҳам тиҷоратие, ки ба масоили муҳоҷират машғуланд сурат гирифта шарикони боэътимод интихоб карда шаванд. Ба ин тартиб бо марокизи муҳоҷирон танҳо шарикони сабти ном шуда ҳамкорӣ мекунанд, ки дар сурати зарурӣ ба ҳалли мушкилоти онҳо кӯмак карда метавонанд.

Супоридани санҷиш дар маркази имтиҳоноти муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Маскав ҳамарӯза беш аз ҳазор муҳоҷир санҷиш месупоранд

"Ин шарикон барои хадамоти худ қиммати сабтшударо дарёфт мекунанд. Ҳамон гуна, ки чунин таҷруба дар сафоратхонаҳо низ мушоҳида мешавад: шуморо ба марказ бо асноди таҳияшуда мунтақил мекунанд. Бигзор таҳияи аснод пулакӣ шавад. Мардум барои пардохти ин қиммат омода ҳастанд. Бештаре аз муҳоҷирон аллакай дар ин замина нигарон шуданд ва мехоҳанд мутмаъин бошанд, ки асноди қонунӣ дарёфт мекунанд", — зикр кард вай.

Лентаи хабарҳо
0