ВАО: Усома бини Лодан дар Русия амали террористӣ анҷом доданӣ буд

© AP Photo/Courtesy of Al-Jazeera via APTNУсома ибни Лодан (аз рост) ва Айман ал-Завоҳирии мисрӣ (аз тарафи чап)
Усома ибни Лодан (аз рост) ва Айман ал-Завоҳирии мисрӣ (аз тарафи чап) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар байни асноде, ки аз манзили зисти Усома бини Лодан дарёфт гардиданд, мактубе пайдо шуд. Дар он навишта шудааст, ки “бародарон” ба Британияи Кабир, Русия ва Аврупо сафарбар шудаанд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Санадҳое, ки дар хонаи Усома бини Лодан, пешвои собиқи созмони террористии "Ал-қоида" дар Покистон дарёфт шудаанд, ҳокӣ бар онанд, ки пайравони ин ташкилот нияти анҷоми амалиётҳои террористӣ дар Британияи Кабир, Аврупо ва Русияро доштаанд, менависад РИА Новости бо такя ба иттилои Би-би-си.

Дар байни асноде, ки аз манзили зисти Усома бини Лодан дарёфт гардиданд, мактубе пайдо шуд. Дар он навишта шудааст, ки "бародарон" ба Британияи Кабир, Русия ва Аврупо сафарбар шудаанд, аммо бархе аз онҳо боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти оҷонсии Рейтер ва мӯҳтавои номаи дарёфтӣ, террористон бояд ба қаламрави Русия ворид гардида лӯлаи интиқоли газ ва ё сафорати ИМА-ро метаркониданд.

Дар мавриди Британияи Кабир тасмимоти пайравони созмони ифротӣ дигар буда, онҳо чанд иншооти муҳимро "зери чашм" карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, ба кӣ ва ба кадом нишона ин мактубҳо ироа гардидаанд, маълумот вуҷуд надорад.

Ин аснод аснои муҳокимаи додгоҳии зодаи Покистон Обид Носир дар суди Ню-Йорк расонаӣ шуданд.

Носир бо иттиҳоми терроризм боздошт гардида, парвандаи ӯ дар ИМА мавриди таҳқиқи мақомот қарор дорад.

Усома бин Лодин моҳи майи соли 2011 дар ҳумаи шаҳри Абботободи Покистон аз сӯи неруҳои хадамоти вижаи Амрико ба қатл расид.

Ҷасади пешвои "Ал-қоида" дар қаъри уқёнус дафн шудааст.

Лентаи хабарҳо
0