ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Нишондодҳи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиши 12,6% дар моҳи январи соли ҷорӣ дар муқоъиса бо моҳи январи соли гузаштаро ошкор кардааст, хабар медиҳад "Авеста" бо истинод ба гузориши ҳармоҳаи Ожонси омори назди ҳукумати Тоҷикистон.
Дар маҷӯъ мизони табодули колои хориҷӣ дар моҳи январи соли 2015 $344,8 миллион шудааст, ки дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта 12,6% камтар ё дар муқоъиса бо моҳи декабри соли гузашта 25,4% камтар будааст.
Коҳиши тиҷорати хориҷӣ аз ҳисоби коҳиши воридот сурат гирифтааст. Тоҷикистон дар моҳи январ воридотро дар муқоъиса бо моҳи январи соли 104 22,4% коҳиш додааст, ки маблағи умумиаш $251 миллион шудааст.
Содироти колоҳо дар моҳи январи соли 2015 $93,8 миллион шудааст, ки дар муқоъиса бо моҳи январи соли 2014 31,9% ё $22,7 миллион бештар аст.
Ба иттилоъи Ожонси омори назди ҳукумати Тоҷикистон мизони табодули коло ба маблағи $157,2 миллиона манфӣ будааст. Тоҷикистон дар моҳи январ бо 65 кишвари ҷаҳон тиҷорати хориҷӣ кардааст.
Шарикони аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январ Русия ($85 миллион), Швейтсария ($47,6 миллион), Қазоқистон ($47,4 миллион), Чин ($39,7 миллион), Туркия ($24,7 миллион) буданд.