Додгоҳи Маскав ҳукми ҳабси Надежда Савченкоро тамдид кард

© AP / Pavel Golovkin, fileНадежда Савченко. Акс аз бойгонӣ
Надежда Савченко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати додгоҳи истинофӣ дархости вакилони дифоъи халабони украинӣ Надежда Савченкоро дар мавриди тағйири дастури боздошти вай ба шакли бидуни ҳабсро радд кард.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Додгоҳи Маскав то 13 май ҳукми боздошти халабони украинӣ Надежда Савчекоро, ки дар қатли хабарнигорони рус муттаҳам дониста мешавад, тамдид кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳайати додгоҳи истинофӣ дархости вакилони дифоъи Савченко, ки дархост доштанд вай бо қавли берун нарафтан, гаравпулӣ ва ё ҳукми боздошт дар манзил, ки бад ин манзур дар консулгарии Украина барояш омода ҳастанд маскан ҷудо кунанд, радд кард.

"Ҳар навъи дигари боздошт сиҳатии вай ва ҳатто шояд ҳаёти ӯро наҷот медиҳад", — гуфт вакили мудофеъ Марк Фейгин ва аз гуруснанишинии тӯлонии зерҳимояаш ёдовар шуд.

Бозраси парванда бар ин назар аст, ки Савченко дар озодӣ метавонад нопадид шавад ва ба шоҳидон ё зарардидагон таҳдид кунад ва ба ин тартиб аз ошкор шудани асли ҳодиса монеъ бишавад. Пизишкон вазъи саломатии ӯро қонеъкунанда арзёбӣ мекунанд.

Ҷониби таҳқиқот дархост кард, ки вай дар боздошт то замони анҷоми бозрасӣ боқӣ бимонад, зеро кофтукоб ва бозпурсии шоҳидон, ки бархе аз онҳо атбоъи кишварҳои дигар ҳастанд, ҳамчунин вақти изофӣ мехоҳад.

Порошенко: Савченко дар зудтарин фурсат озод мешавад

Халабони украинӣ аз тобистони соли гузашта дар боздоштгоҳи Русия ба сар мебарад. Ду моҳи ахир вай гуруснанишинӣ карда даъво дорад, ки ба ватанаш бозгардонида шавад. Пизишкон барои таъмини саломатиаш иқдомоте анҷом медиҳанд.

Қаблан раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко эълом кард, ки дар ҷараёни музокироти Минск гӯиё ҷонибҳо дар бораи озодии сареъи Савченко тавофуқ карданд.

Дертар сухангӯйи раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод, ки дар музокирот мавзӯъи халабони украинӣ аслан матраҳ нашудааст, вале ҷониби Украина дар ин бора изҳори назар кард ва раиси ҷумҳури Русия мукарраран посух додааст, ки ин мавзӯъ аз тариқи муҳокимаи додгоҳӣ ҳал мешавад.

Ин дар ҳолест, ки намояндаи вазорати хориҷаи ИМА Ҷен Псаки муътақид аст, ки озодии Савченко тибқи тавофуқоти Минск таъаҳҳуди ҷониби Русия мебошад.

"ИМА аз тасмими имрӯзаи додгоҳи Русия мабнӣ бар тамдиди мӯҳлати боздошти вакили украинӣ Надежда Савченко то 13 май нигарон аст. Хонуми Савченко дар тӯли 75 рӯз ба нишони эътироз, ки мақомоти рус ӯро гаравгон гирифтаанд, гуруснанишинӣ мекунад", — иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони Псаки.

Савченко дар мушорикат дар қатли ду хабарнигори шабакаи телевизионии Русия, ки дар ҷараёни даргириҳо дар Донбасс кушта шуданд, муттаҳам мешавад. Дар интихоботи порлумонии моҳи октябри соли гузашта дар Украина вай вакили Радаи олӣ аз ҳизби "Баткившина" интихоб шуда узви ҳайъати доимии Рада дар порлумони аврупоӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0