Фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Финляндия боздошт шуд

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкХелсинки, Финляндия. Акс аз бойгонӣ
Хелсинки, Финляндия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар пайи боздошти бархе аз ҳамақидагонаш аз Санкт-Петербург ба Аврупо фирор карда буд, рӯзи ҷумъаи гузашта дар қаламрави Финляндия аз сӯйи маъмурони Интерпол боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Финляндия Сулаймон Давлатов, узви созмони мухолифи "Гурӯҳи 24", ки дар Тоҷикистон тундгаро дониста мешавад, боздошт шудааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Дар ин бора ба хабаргузорӣ Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари раҳбари "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов хабар дода афзудааст, ки "узви фаъоли созмон" баъд аз боздошти чанд тан аз пайравони ин ҷунбиш аз Санкт-Петербург ба Финляндия фирор карда буд.

"Мақомоти тоҷик ӯро мавриди пайгарди байналмиллалии қонунӣ қарор доданд ва 20 феврал Интерпол ӯро дар Финляндия боздошт кард", — гуфт Ҳафизова.

Хабаргузорӣ менависад, ки дар дархости ниҳодҳои Тоҷикистон Давлатов ҳамчун ташкилкунандаи гурӯҳи тундрав дар қаламрави Русия муаррифӣ шудааст, ки тавассути интернет ғояҳои тундгароиро таблиғ ва шаҳрвандонро барои узвият ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб мекард.
Ӯро ҳамчунин дар эъзоми шаҳрвандон барои ҷанг дар Сурия муттаҳам кардаанд.

Дар дархости ҷониби Тоҷикистон омадааст, ки ҳукми боздошти Давлатов аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар моҳи декабри соли гузашта содир шудааст.

Худойбердӣ Холиқназар: Гурӯҳи 24 – бозичаи дасти абарқудратҳо

Феълан, муҳокимаи додгоҳии Умедҷон Солиҳов, ки низ дар узвият дар "Гурӯҳи 24" муттаҳам аст, идома дорад. Рӯзи чаҳоршанбе намояндаи додситонӣ хост, ки ӯро ба 18 соли зиндони низомаш сангин ҳукм кунанд.

Дар авохири моҳи январ дар шабакаҳо феҳрасти 10 нафар аъзоёни боздоштшудаи ҷунбиши "Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳё" мунташир шуд, ки низ ба эътилофи Қувватов шомил мебошад.

Худи раҳбари "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов ду маротиба дар хориҷи кишвар боздошт, вале ҳар ду даъфа ӯро озод карданд.
"Гурӯҳи 24"-ро тоҷири мухолиф соли 2012 ташкил кард. Ба гуфтаи вай, ин созмон дар қаламрави Русия фаъол аст.

Лентаи хабарҳо
0